Дирӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар мавриди гуногунии омори вазорат дар мавриди гирифторони бемории коронавирус ва фавт аз ин беморӣ зикр намуд, ки оморе, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қайд гирифта мешавад, аниқ ва дақиқ мебошад.

– Дар марҳилаи имрӯза бемороне, ки мефавтанд, тамоми хешу табор ва ҳамсоя фавти ӯро ба коронавирус вобаста мекунанд. Инҷо сабаби асосии фавти беморонро табибон дар асоси таҳлили таърихи бемор ва хулосабарорӣ муайян мекунанд. Солҳои пеш бемории пневмония ба қайд гирифта мешуд, вале он расонаӣ намегардид. Ҳоло мо дар марҳилаи пандемияи COVID-19, ки имрӯз тамоми дунёро ба ташвиш овардааст, қарор дорем. Ҳар як ҳодисаи фавте, ки дар беморхонаҳо мешавад, ҳатман дар расонаҳои интернетӣ нашр мешавад ва ин боиси сару садоҳои гуногун ва нодуруст баррасӣ кардани омори Вазорат мегардад, – гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Ҳамчунин, Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  аксарияти фавтҳое, ки ба қайд гирифта мешаванд, ин, пеш аз ҳама, ба бемориҳои фишорбаландии ишемикии дил, фарбеҳӣ, бемории қанд ва тарсу ваҳм (стресс) вобастагӣ доранд.  Рӯзҳои аввали бақайдгирии бемории коронавирус тамоми аҳолӣ дар ҳолати тарсу ваҳм қарор дошт ва ин омил сабаби асосии сар задани ориза ва ҳодисаҳои фавт мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь