Тӯфони харобиовари Ягӣ, ки охири ҳафтаи гузашта ба минтақаҳои шимолии Вqетнам зарба зад, идома дорад.
Рӯзи душанбе пули серодами шоҳроҳи Фонг Чау дар музофоти Пху Тхо фурӯ рехт, ки дар натиҷа 10 мошин ва ду скутер ба дарёи Ҳонг Ҳа сарозер шуданд. Се нафар наҷот дода шуданд, 13 нафар то ҳол бедарак ҳастанд, хабар медиҳад мақомоти маҳаллӣ.
Пули 375-метра пурра фурӯ нарафтааст, як қисми ин иншоот боқӣ мондааст, аммо дар шароити номусоиди обуҳаво барқарор кардани он имкон надорад.
Тӯфони Ягӣ пурқувваттарин тӯфони имсола дар Осиё буда, суръати шамол ба 203 километр дар як соат мерасад. Дар давоми ду рӯзи охир он ҷони беш аз 60 нафарро гирифт. Бар асари тӯфон, ки ярчу обхезӣ ҳам шуд, дастикам 44 нафар кушта шуданд. Қариб 1,5 миллион сокини Вйетнами Шимолй бе барқ монданд.
Аз шаҳрҳои соҳили Вйетнам қариб 50 ҳазор одам кӯчонида шуданд. Мақомот ҳушдор додаанд, ки одамон дар дохили хонаҳо бимонанд. Дар 12 музофоти шимолӣ, аз ҷумла дар Ханой, мактабҳо муваққатан баста шудаанд.
Ягӣ, пеш аз он ки ба Вйетнам зарба занад, дар музофоти ҷанубии Чин ва Филиппин амал кард. Дар ин кишварҳо ҳамагӣ 24 нафар ба ҳалокат расидаанд.