Чанде пеш Қурбони Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ба ноҳия Вахш сафари корӣ анҷом дода, аз рафти сохтмони мактаб-интернат, колеҷи аграрӣ, муассисаи таълимӣ ва дигар иншооти сохташаванда дидан кард.

Баҳром Мираков, сухангӯи раиси вилояти Хатлон, гуфт, ки  раиси вилоят сараввал аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар хобгоҳ ва бинои мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳия дидан кард. Гуфта шуд, ки бинои мазкур  барои беш аз 400 нафар хонанда пешбинӣ гардида, дар як маврид дар шафати ин бинои таълимӣ бунёду сохтмони хобгоҳ барои 480 нафар, нуқтаи тиббӣ, ошхона ва ҳуҷра барои вохӯрии волидайну тарбиятгирандагон ба нақша гирифта шудааст.

Иншооти мазкур аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии “Эҳёи Сомониён” бо маблағгузории “Ташкилоти хайриявии Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Араб бунёд мегардад.

Масоҳати ҷойгиршавии бинои таълимӣ 3 гектаро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд,ки  дар ноҳияи Вахш дар заминаи вусъат бахшидани корҳои ободонӣ коллеҷи аграрӣ бунёд мешавад, ки  Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур дидан кард.

Зикр  шуд, ки коллеҷи мазкур ба маблағи 48 миллиону 912 ҳазор сомонӣ аз тарафи Дирексияи сохтмонии дастгоҳи иҷроияи президент бунёд мегардад.

Ҳамчунин, дар ин рӯз Қурбон Ҳакимзода дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон деҳаи Иттифоқ бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои таълимӣ, ки барои 480 ҷои нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст ва бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ бунёд мегардад, дидан кард.

Дар ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш бо ташббуси соҳибкорони ватанӣ бунёди корхонаи насоҷӣ ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ бо суръат идома доранд. Дар ҳолати бунёд ва ба истифода супурдани ин корхона 460 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар сехҳои истеҳсолии корхона насб карда мешаванд, аз хориҷи кишвар дастрас мегардад ва имконияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир фароҳам меояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь