Раисиҷумҳури пешини Сурия Башор Асад ҳамроҳи хонаводааш ба Маскав рафтааст. Дар ин бора як манбаи ТАСС дар ҳукумати Русия хабар додааст.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати оҷонсӣ, ҳукумати Русия ба раисиҷумҳури пешини Сурия ва хонаводаи ӯ паноҳгоҳ додааст.
Гуфта мешавад, ки раҳбарони мухолифони Сурия амнияти пойгоҳҳои низомӣ ва ниҳодҳои дипломатии Русияро кафолат додаанд. Манбаъ ҳамчунин таъкид кардааст, ки Русия аз сар гирифтани музокирот барои ҳалли вазъ дар Сурия тавассути миёнҷигарии СММ зарур мешуморад.
Ба гуфтаи хабарнигорони бахши русии ВВС, Асад Сурияро бо як ҳавопаймои русӣ аз Латакия, ки пойгоҳи ҳавоии Русия дар он ҷо воқеъ аст, тарк кард. Ҳавопаймо транспондер (дастгоҳи фиристандаи паём)-ро хомӯш карда, онро танҳо пеш аз фуруд ба кор даровардааст.
Қаблан маълум шуда буд, ки Асад тасмим гирифтааст, “раёсат ҷумҳурӣ ва Сурияро тарк кунад”.
«Башор Асад пас аз музокира бо иштирокчиёни даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия тасмим гирифт, ки курсии президентӣ ва кишварро тарк кунад. Ӯ ҳамчунин дастур дод, ки қудратро бо роҳи осоишта интиқол диҳанд. Русия дар ин музокирот ширкат накардааст”, – омадааст дар изҳороти вазорати умури хориҷии Русия.
Ҷангҷӯёни гуруҳи Ҳайят Таҳрир аш-Шом шаби 8-уми декабр вориди Димишқ, пойтахти Сурия, шуданд. Амалиёт дар Сурия 27-уми ноябр аз яке аз бузургтарини шаҳрҳои ин кишвар – Ҳалаб оғоз шуда буд.
Акс аз “5 канал”