Боғпарварӣ яке аз бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ буда, дар навоҳии вилояти Суғд садҳо гектар боғоти меваҳои гуногун мавҷуд аст. Боғпарварони вилоят бо мақсади иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020 аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, саҳми худро дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи саноати сабук ва афзоиши имкониятҳои содиротӣ мегузоранд.
Маҳсули дастранҷи деҳқонон – меваҳои шаҳдбори Ватан барои таъмини бозори истеъмолӣ ва содирот истифода гардида, даромад аз ҳисоби фурӯши меваҷот барои баланд гардидани сатҳи некуаҳволӣ мусоидат менамояд.
Яке аз меваҳои маъмуле, ки дар вилояти Суғд парвариш мешавад, ин зардолуст. Анвои гуногуни зардолуе, ки дар навоҳии Ашту Конибодом ва Исфара парвариш мешавад, дар дохилу хориҷи кишвар харидорони сершумор доранд. Имрӯзҳо дар минтақаҳои зикршуда ҷамъоварии ҳосил ҷараён дошта, зардолу ба бозорҳои кишвар бароварда мешавад. Ҳамзамон, коркарду содироти ин навъи мева ба роҳ монда шуда, аз минтақаҳои зардолупарвари вилоят ба Федератсияи Русия садҳо тонна мева содирот гардидааст.
Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзии вилоят, дар парваришу нигоҳубини боғоти зардолу боғдорони ноҳияи Ашт таҷрибаи зиёд доранд. Маҳз бо заҳмату талоши боғдорони ноҳия ҳамасола садҳо тонна меваи шаҳдбори ноҳия ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.
Имсол низ ин анъанаи нек идома ёфта, то имрӯз аз ноҳия наздики 3000 тонна зардолу содирот шудааст. Илова бар ин, ҳамарӯза то 20 тонна меваи тар бо нархҳои аз 1,5 сомонӣ то 2,5 сомонӣ ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳо бароварда шуда, то имрӯз наздик 500 тонна зардолу ба фурӯш рафтааст.
Дар хоҷагиҳои кишоварзии Конибодом низ ҷамъоварии ҳосили зардолу бомаром идома дорад ва боғдорон тасмим доранд соли равон 26 ҳазор тонна зардолу ба даст оранд, ки ин нисбати соли гузашта 3000 тонна зиёд мебошад.
Дар деҳоти Конибодом 11,5 ҳазор гектар боғоти зардолу мавҷуд буда, 8425 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Саҳмдорону аъзои хоҷагиҳо ба ҷамъоварии ҳосили зардолу машғуланд ва зардолуҳои чидашуда барои фурӯш ба бозори дохилӣ ва содирот омода карда мешаванд.
Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коркарди меваҷот низ корбарӣ сурат гирифта, ширкатҳои ватанӣ бо кишоварзон шартномаҳои корӣ баста, меваҷотро коркард мекунанд. Яке аз чунин ширкатҳо корхонаи “Оби зулол” аст, ки барои истеҳсоли афшура дар марҳилаи аввал 22 тонна зардолу харидорӣ кардааст.
ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд низ ба қабули мева ва коркарди он оғоз намуда, аз боғдорон даҳҳо тонна зардолу харидорӣ кардааст. Иқтидори истеҳсолии ин корхона як миллион қуттии шартӣ дар як сол буда, дар он 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Дар корхона зиёда аз 20 намуд маҳсулот дар қуттиҳои ғунҷоишашон гуногун ва бо тарҳи хоса истеҳсол карда мешаванд, ки яке аз писандидатарин байни аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Дар маҷмуъ, парвариш ва коркарди меваҷот дар вилояти Суғд ба таври чашмрас ба роҳ монда шуда, меҳнати кишоварзону саноатчиён барои бештар шудани ҳаҷми истеҳсол ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.