– Дар пойтахт сохтмони шоҳроҳи ҳаштқатораи Душанбе-Чортут аз 1-уми декабри соли равон оғоз шуд, ки пойтахтро бо маҳаллаҳои атроф мепайвандад,- хабар медиҳад сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон.
Дар маросими оғози сохтмони шоҳроҳ сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ иштирок кардааст.
Сохтмони шоҳроҳи мазкур аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон кумаки ройгон буда, барои сохтмони он 20 миллион доллар ҷудо шудааст. Созишнома оид ба ин пешниҳоди кумаки молиявӣ барои татбиқи лоиҳаҳои рушд аз ҳарду ҷониб моҳи октябри соли 2018 ҳангоми сафари президенти Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд ба шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 10 моҳи охири соли равон Ҳиндустон барои Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 3,2 миллион доллар кумаки башардӯстона расонидааст.
Аз ҷиҳати кумакҳои умумии башардӯстонае, ки дар ин давра ба Тоҷикистон расидаанд, Ҳиндустон аз се кишвар – Чин, Ӯзбекистон ва Туркия ақибнишинӣ карда, дар ҷойи чорум қарор дорад.
Гардиши савдои Тоҷикистону Ҳиндустон дар моҳҳои январ-октябри соли равон тақрибан 26 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 20% зиёдтар мебошад. Савдо байни ду кишвар дар соли равон пурра ба воридоти молҳои Ҳиндустон ба ҷумҳурӣ рост омада, ҳиссаи содироти Тоҷикистон 0,02% (7 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад.
Гулрӯ СУҲРОБЗОДА