Дар кишвари Ҷопон фароҳамоиши адабии ҳойкусароёни ҷаҳон баргузор шуд, ки дар он шоири тоҷики муқими Олмон Бахтиёр Аминӣ Тоҷикистонро намояндагӣ кард.
Ин маҳфил ҳамасола аз тарафи Анҷумани Ҳойкуи ҷаҳон баргузор мешавад, ки дар он ҳойкунависони ҷаҳон ширкат мекунанд.
Анҷумани Ҳойкуи ҷаҳон созмонест ки ба тарғиб ва нашри ҳойку машғул аст.
Бештар аз 200 нафар узв дорад. Бахтиёр Аминӣ низ узви ин Анҷуман аст.
Ин Анҷуман ҳамасола маҷмӯаи “Ҳойкуи ҷаҳон”-ро нашр мекунад. Дар нашри навбатии ин маҷумӯа ҳойкуҳои шоири тоҷик Бахтиёр Аминӣ низ ҷо доранд.
– Аслан дастандаркорони Анҷуман ҳойкуҳои шоирони ҷаҳонро худашон ба инглисӣ ва жопунӣ тарҷима мекунанд, вале ман ҳойкуҳоямро худам ба инглисӣ тарҷима кардаам, – мегӯяд Бахтиёр Аминӣ.
Бисёре аз узви ин Анҷуман воқеан ҳойкунависони машҳур ва маъруфу соҳибмактаб мебошанд.
Ҳойку (ҷопонӣ: 俳句) – кӯтоҳтарин гунаи шеърӣ дар ҷаҳон аст, ки нахустин офарандаҳои он ҷопониҳо ҳастанд.
Он чи ба унвонии ашъор ҳойку мешиносем, дар ҳақиқат, се банди оғозин (ҳукку)-и ашъори занҷираӣ (ранго) бо мазмунҳои танзомез (сабки ҳойкоӣ) аст, ки дар қарни ҳабдаҳум ба қолабе мустақил дар шеъри Ҷопон табдил шуд. Ин қолаб, нахуст ҳукку ё ҳойкоӣ хонда мешуд, аммо Мосоъуко Шикӣ (1902–1868) дар қарни нуздаҳум номи ҳойку бар он ниҳод.
Дар акс Бахтиёр Аминӣ ҳойку мехонад ва Бонё Нотсуишӣ (профессор ва ҳойкусаро) тарҷума мекунад