28-уми июл дар Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон бо ҳузури рӯзноманигорони тоҷик роҷеъ ба таниши ҳарбии 12 -14-уми июл дар марзи Озарбойҷону Арманистон рухдода конфронси хабарӣ баргузор гардид.
Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Ҳасан Мамадзода дар оғози конфронс иброз дошт, ки дар давоми як ҳафтаи охир нисбат ба намояндагиҳои дипломатии Озарбойҷон дар кишварҳои Аврупову Амрико, инчунин, бар зидди ҳамоишу роҳпаймоии осоиштаи озарбойҷониҳои муқими ин ҷо, ки алайҳи амалиёти ҳарбии Арманистон дар минтақаи ноҳияи Товуз, ки дар марзи Озарбойҷону Арманистон ҷойгир аст, садо баланд карданд, аз ҷониби диаспораи арманиҳои ин кишварҳо мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтанд.
– Тайи рӯзҳои охир, гуруҳҳои миллаташон арманӣ дар назди биноҳои намояндагии дипломатии Озарбойҷон дар давлатҳои Франсия, Британияи Кабир, Шветсия, Полша, Австралия, ИМА, Нидерландия, Белгия бар зидди озарбойҷониҳои муқими ин кишварҳо, ки алайҳи амалҳои иғвогаронаи неруҳои ҳарбии Арманистон дар марзи Озарбойҷону Арманистон рухдода ба таври осоишта эътироз мекарданд, бо сангу предметҳои гуногун ҳамла карда, алайҳашон аз хушунат кор гирифта, латукӯб карданд, – гуфт сафир.
Дар идома сафир Ҳасан Мамадзода изҳор дошт: «Ҳадафи диаспораи арманӣ аз мушкилоти асосӣ дур кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, аммо ин амалҳои иғвогаронаи хушунатбор роҳи ҳалли мушкилот нест. Дар амалҳои иғвогаронаи диаспораи арманиҳои ин кишварҳо унсурҳои вандализм ва терроризм ба мушоҳида мерасад. Онҳо дидаву дониста шаҳрвандони Озарбойҷонро таъқиб карда, латукӯб мекунанд. Ҳадафашон зарар расонидан ба аъзои ҷамоатҳои Озарбойҷон, дипломатҳо ва амволи онҳо мебошад, ки ин амалкардҳо аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун ҷиноятҳои ҷиноӣ тавсиф карда мешаванд. Умедворам, ки ақли солим ба хушунату ҷаҳлу нофаҳмӣ ғолиб хоҳад омад».
Ёдовар мешавем, ки 12-уми июли соли равон дар марзи Озарбойҷону Арманистон дар минтақаи ноҳияи Товуз (Озарбойҷон) ва вилояти Тавуш (Арманистон) низоъи ҳарбӣ рух дод, ки он се рӯз идома ёфт. Дар ин минтақаи марзӣ Озарбойҷону Арманистон бо кишвари Гурҷистон низ сарҳади муштарак доранд ва ин минтақаи мавриди назар аз Ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳӣ 200 километр дуртар ҷойгир аст.
Бар асари тирпаронии ҷонибҳои даргир 11 хидматчии ҳарбии Озарбойҷон, 1 марди мулкии озарӣ ва ҷор хидматчии ҳарбии Арманистон ба ҳалокат расида, даҳҳо низомии дигар аз ҳар ду ҷониб захмӣ гардиданд.
Абӯалӣ Некрӯзов