16-уми март ҳайати намояндагони “Роспотребнадзор”-и Русия ба Тоҷикистон омаданд. Ҳайат, ки иборат аз се нафарнд, аз вазъи эпидемиологии кишвар дидан карда, ба Маскав ҳисобот медиҳанд.

Русия рӯзи 10-уми феврал изҳор дошт, ки барои дубора барқарор кардани парвозҳои мустақим миёни ду кишвар, аввал вазъи Тоҷикистонро месанҷаду баъд тасмимашро эълон хоҳад кард. Ин тасмим пас аз дархости сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барои барқарор кардани парвозҳо гирифта шудааст.

Пас аз огоҳ шудани “Роспотребнадзор” аз вазъи Тоҷикистон эҳтимолияти боз шудани парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия вуҷуд дорад.

Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни нишасти матбуоти ин ниҳод ба рӯзноманигорон дар бораи бо кадом шартҳо боз шудани марзҳоро гуфта буд. “Ҷониби Русия изҳор дошт, ки барои баҳодиҳӣ ба вазъияти эпидемиологӣ дар Тоҷикистон комиссия фиристода, аз рӯйи натиҷаҳои сафари ин комиссия доир ба иҷозаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия қарор қабул хоҳад шуд”, – гуфта буд Ширин Амонзода.

Ҳукумати Русия таъкид кардааст, ки ин ҳайат эҳтимолияти вуруд ва паҳни коронавирусро дар Тоҷикистон баҳогузорӣ хоҳад кард.

Мувофиқи иттилои Вазорати тандурустӣ аз моҳи январи соли ҷорӣ то ба ин ҷониб дар Тоҷикистон бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи вазири тандурустӣ Абдуллозода, дар Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2020 ба ин сӯ ягон мавриди бистарӣ кардани чунин беморон дар беморхонаҳо сабти ном нашудааст. Ӯ бори дигар омори расмии пешниҳодшуда ба хабарнигоронро ироа кард, ки то кунун дар кишвар  13 308 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, ки 99,3% онҳо шифо ёта, 90 нафар (0,68%) фавтидаанд.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь