Чанде пеш дар шаҳри Конибодом шаш узви як оила, ба шумули волидайн ва чор фарзанд, кушта шуда буданд ва инак боз аз куштори чор узви ду оилаи дигар хабарҳо паҳн шуданд.
Шаби 15-уми декабр дар шаҳри Конибодом чор каси дигар кушта шудаанд. Инҳо аъзои ду оила ҳастанд. Ҳодиса дар деҳаи Ҳисорак (собиқ Қурғонча) рух додааст. Дар ин бора РО иттилоъ дода аз қавли мақомоту сокинон хабар дод,ки ду нафар аз кушташудаҳо зану шавҳар ва ду каси дигар модару писар буданд. Тибқи иттилои ин расона, Ғайбулло Маҷидови 35-сола ва ҳамсараш Зарнигори 28-сола будаанд. Аз онҳо се фарзанд ятим монданд, ки шаби ҳодиса онҳоро накуштаанд.
Гуфта мешавда, афроди номаълум шаби гузашта Ойиша Шокирова 70-сола ва писари 44-солааш Ҷавлон Шокировро ҳам ба қатл расониданд.
Блоки рекламавӣ