Дар шаш моҳи соли 2024 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 40 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 343 ҷойҳои корӣ ба истифода дода шудааст. Др ин бора раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни нишастӣ хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5,02 миллиард сомонӣ расидааст, ки суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 5,1 банди фоизӣ зиёд аст.
Дар ин давра рушди соҳа асосан аз ҳисоби истихроҷи маъдан 135,3%, саноати коркард 105,1% ва хизматраоснии об 109,3% таъмин карда шуд.
Қайд гардид, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 177 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки аз онҳо суръати рушди 145 номгӯ таъмин гардида, 13 намуди нави маҳсулотҳои саноатӣ, аз қабили гази табиӣ, докаи тиббӣ, дастпушаки корӣ, кешбофӣ, хамираи гумак, гумаки калий, кислотаи сулфат, профилҳо барои гачкартон, гаҷкартон барои шифт, равғани офтобпараст ба роҳ монда шудааст.