Президенти ҳозираи Фдератсияи Русия Владимир Путин гуфт, ки имкон дорад дар интихоботи ояндаи президентии кишвараш барои ин мансаб мубориза барад.
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки дар сурати ворид кардани тағйироти дахлдор ба Конститусия, имкони пешбарӣ кардани ба мӯҳлати нав ҳаст. Сарвари давлат инро дар мусоҳиба барои филми “Россия. Кремль. Путин” дар канали “Россия-1” гуфт.
“Ҳанӯз ман барои худам ба хулосае наомадаам. Агар ин шароит дар Конститутсия фароҳам ояд, ман имконияти номзадиамро ба мансаби президентӣ истисно намекунам. Сабр мекунем, баъд маълум хоҳад шуд“, – гуфт Путин.
Раъйпурсии умумӣ барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсия дар Русия 1-уми июли соли 2020 баргузор хоҳад шуд. Агар ин тағйирот аз сӯйи мардум қабул шавад, Владимир Путин ҳақ дорад, ки дар интихоботи навбатии президентӣ ширкат кунад.
Блоки рекламавӣ