Хабарнигори пешини рӯзномаи “Эрк” Юсуф Рузимуродов, шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо айби фаъолияти зиддидавлатӣ 19 сол зиндонӣ буд, ки хешовандонаш аз зиндон озод шудани ӯро тасдиқ карданд.
Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон имрӯз тасдиқ кард, ки рӯзноманигори узбек, ки солҳо паси панҷара буд, охирҳои моҳи феврал аз маҳбас озод шуд. «CPJ ҳукумати ин кишварро даъват кард, ки барои беҳтар кардани фазои расонавӣ дар Узбекистон корҳое анҷом шавад ва иттиҳоми ду рӯзноманигори мустақил, ки имрӯз, 5-уми март, бояд дар додгоҳ баррасӣ шаванд, бардошта шавад, – омадааст дар изҳороти Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон (CPJ).
Рузимуродов бо дархости ҳукуматдорони Узбекистон 15 марти соли 1999 дар шаҳри Киев боздошт шуда буд. Дар Узбекистон ӯро ба 15 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум ва соли 2014 мӯҳлати ҷазои ӯро 3 соли дигар дароз карданд. Ин рӯзноманигор охири моҳи феврали соли ҷорӣ аз маҳбас озод шудааст.
Зарринаи Ғайрат