Аз МИҲД-и шаҳри Бохтар иттидоъ доданд, ки дастаи футболи то 16-солаи шаҳри Бохтар «Бохтар-Сити» (Хатлон-1) ғолиби Чемпионати футболи Тоҷикистон байни наврасону ҷавонон дар Лигаи “Пешсаф” шуд ва аз тарафи раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид Мубин бо 30000 сомонӣ қадрдонӣ шуд.
Дар шаҳри Бохтар 3 варзишгоҳ, як мактаби варзишӣ, 32 толори варзишӣ, 98 майдончаи варзишӣ, аз ҷумла 20 майдончаи футболи хурд, 2 майдони теннис ва 2 ҳавзи шиноварӣ дар истифодаи умум мебошанд, ки дар онҳо зиёда аз 708 ҷавону наврас ҷалб гардиданд. Аз ин 241 нафарашонро духтарон ташкил дода, ба онҳо 34 мураббӣ аз рӯи 16 намуди варзиш ҳамарӯза машқ медиҳанд.
Дар ҳудуди шаҳр, аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва соҳибкорон бунёди беш аз 30 майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз зиёда аз 10 майдончаи варзишӣ ва кӯдакона расман мавриди истифодабарии сокинон қарор дода шуданд.