Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз чанд ҷиноят хабар дод, ки яке одамрабоӣ, дигаре латукӯби бобо ва сеюмӣ қатли ҳамсар дар муноқишаи оилавӣ аст.

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки моҳи феврали соли 2021, се нафар шахси номаълум ӯро маҷбуран ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра” савор карда, дастонашро бо часп баста, то расидан ба ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи мазкур ӯро латукӯб карда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидаанд. Баъдан ӯро азобу шиканҷа карда, бо телефони мобилиашон ба навор гирифта, таҳдид кардаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Турсунзодаи ҳамин ноҳия бо гумони содир кардани ҷинояти одамрабоӣ дастгир карда шудааст, ки ҷинояти мазкурро бо ҳамроҳии рафиқонаш “Зафар” ва “Аюб” содир кардааст. Барои муайян ва дастгир кардани “Зафар” ва “Аюб” чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад, хабар медиҳад ВКД.

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 65-солаи сокини ҷамоати деҳоти Н. Розиқи шаҳри мазкур муроҷиат кардааст, ки рӯзи 24-уми июли соли 2021, набераи ноболиғи 16-солааш ӯро лату кӯб намуда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Рушон бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст. Номбурда, 3-юми августи соли 2021, дар хонаи истиқоматиаш ҳамсараш зани 29-соларо аз сабаби муноқишаи оилавӣ латукӯб кардааст. Дар натиҷа, номбурда ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь