Зани 29-солаи сокини ноҳияи Панҷ ба милиса муроҷиат кардааст, ки рӯзи 25-уми октябри соли 2017, тахминан соати 15:30, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1 адад телефони мобилии тамғаи “Нокиа-6300”, ҷавоҳироти тиллоӣ ҷамъ ба маблағи 5940 сомонӣ ва 1200 долларро дуздидааанд. Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини ноҳияи мазкурро бо гумони дуздӣ дастгир кардаанд. Далелҳои шайъӣ қисман гирифта шудааст.

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб маъмурияти мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Кӯлоб (ДОСААФ) муроҷиат кардааст, ки шаби 17-уми октябри соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз автомашинаи таълимии борбардори тамғаи “Маз-5334”, 2 адад акумулятори тамғаи “Барс-132” ва “Барс-190”, ки арзишашон 3000 сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд. Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.

Ба ШВКД дар шаҳри Норак зани 31-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат кардааст, ки охирҳои соли 2016 ноболиғ, духтараки 16-солаи сокини ноҳияи Данғара, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1 адад компютери тамғаи “Ноутбук”, ҷавоҳироти тиллоӣ, 2 адад либоси арусӣ, 2 адад камзӯли занона, 1 адад костюм, ҷамъ ба маблағи 11740 сомониро дуздидаааст. Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.

Ин ҳодисаҳо мавриди тафтиш қарор доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь