Ҳамасола бо фаро расидани Соли нави мелодӣ садои маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) дар кӯчаву хиёбонҳо  шунида мешавад, ки ин амал боиси барҳам задани оромии шаҳрвандон ва сабабгори ба бемориҳои гуногун гирифтор шудани ашхоси пиронсолу солхӯрда мешавад.

Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Кӯлоб аз  манзили  истиқоматии шаҳрванд Изатуллои Неъмат соли таваллудаш 2000, сокини кӯчаи Чапаев 10200 (даҳ ҳазору дусад) дона маводҳои пиротехникӣ  (хлопушка) дарёфт ва мусодира карда шуда, нисбати номбурда санад тартиб дода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь