Полиси ИМА ҷузъиёти тирпаронӣ дар калисое дар ҷанубу шарқии Техасро шарҳ дод ва шумораи кушташудагонро эълон кард. Бино ба навиштаи New York Times тирпаронӣ кори дасти марди сафедпӯсти 26-сола будааст, ки дар ҳамин иёлат зиндагӣ мекардааст.

Ин «мерган» дастикам 26 нафарро куштаву 20 нафари дигарро захмӣ кардааст. Ин ҳодиса дар «Калисои аввалини баптистӣ» дар шаҳри Сатерленд Спрингси музофоти Уилсон дар 40 километрии Сан-Антонио рух додааст. Бино ба маълумоти соли 2000 дар ин шаҳр наздики 362 нафар зиндагӣ мекардаанд. Аз ин бармеояд, ки 7 дарсади аҳолии шаҳр қурбони тирпаронӣ шудаанд.

Гумонбари ин ҳодиса дар тан либоси сиёҳ ва зиреҳ доштааст, ки ба калисо даромада, ба роҳгузарон тир кушодааст. Сипас, ба автомобил нишаста ҷойи ҳодисаро тарк кардааст. Ӯро дар музофоти Гваделупа, ки ҳамсоямузофот аст, пайдо кардаанд, ки дар дохили мошин мурда буд. Сабаби марги ӯ ҳанӯз пурра таҳқиқ нашудааст. Бино ба навиштаи New York Times ин марди 26-сола Дэвин Келлӣ будааст.

Синну соли кушташудагон аз 7 то 72-сола гуфта мешавад. Ин ҳодиса дирӯз рух дода буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь