Имрӯз, 22-юми январ, дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдбуди шоири зиндаёди тоҷик Шоҳмузаффр Ёдгорӣ, бахшида ба 80-солагии зодрӯзи ин адиб ва рӯзноманигор, баргузор гардид.
Дар маҳфил адибони тоҷик, рӯзноманигорон, дӯстдорони каломи бадеъ, ҳамсафон ва шогирдони Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ширкат карданд ва аз ҳаёти ӯ хотираҳои худро ба ёд оварданд. Дар маҳфил аз эҷодиёти шоириву нависандагӣ ва рӯзноманигории Ёдгорӣ қиссаҳо карда шуд.
Маҳфилро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим оғоз кард ва нависандаи маъруф Абдулҳамид Самад маҳфилороӣ кард. Дар маҳфил шоирон Гулрухсор Сафиева ва Камол Насрулло аз хотираҳои худ дар бораи Ёдгорӣ қисса карданд ва шеърҳо хонданд. Иброҳим Усмон ва Раҷаб Мардон низ хотираҳояшонро аз фаъолияти якҷояи худ дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки Шоҳмузаффар Ёдгорӣ тақрибан 8 сол сармуҳаррири он буд, ба ёд оварданд.
Дар идома дигар ҳамсафону шогирдони Шоҳмузаффар Ёдгорӣ низ сухан карда, аз хислатҳои хуби ӯ сифат карданду шеърҳо хонданд.