Дирӯз дар варзишгоҳи “Локомотив” дар пойтахти Ӯзбекистон дастаи тоҷикистонии “Истиқлол”-и Душанбе дар нахустин вохӯрии худ дар Лигаи чемпионҳои Осиё пирӯзӣ ба даст овард.

Бозии даври дуюми марҳилаи пешакии Лигаи чемпионҳои Осиё миёни дастаҳои “Локомотив”-и Тшканд ва “Истиқлол”-и Душанбе дар Ӯзбекистон баргузор шуд. “Локомотив” дар варзишгоҳи ҳамнои худаш бо бартарии бештаре бозӣ кард, аммо футболбозони Тоҷикистон тавонистанд, ки маҳорати хуб нишон диҳанд ва вохӯриро бар нафъи ба анҷом расонанд. Голи ягонаи ин бозиро сарвони дастаи “Истиқлол” Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 60-ум ба самар расонд. Бозиро ҳайати доварон аз Лубнон бо роҳбарии реферии FIFA Ҳусейн Або Яҳё ҳакамӣ карданд.

Баъди анҷоми бозӣ сармураббии “Истиқлол” Мубин Эргашев гуфт, ки шогирдонаш аз иҷрои вазифаи супурдашуда баромаданд ва ин пирӯзӣ натиҷаи заҳматҳои бозигарон ва ҳайати мураббиёни даста буд.

“Истиқлол” вохӯрии навбатиашро дар доираи Лигаи чемпионҳои Осиё 28-уми январ дар Арабистони Саудӣ бо дастаи «Ал-Аҳлӣ» бояд анҷом диҳад. Пирӯзӣ дар ин бозӣ ба футболбози Душанбе имкон медиҳад, ки ба даври гуруҳии Лигаи чемпионҳои Осиё роҳ ёбанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь