Рӯзи 19-уми майи соли 2019, соати 21:30, дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401¹ Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он бетартибӣ ба амал омад.
Ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву экстремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи «Давлати исломӣ» буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод – писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло буданд.
Гурӯҳи номбаршуда аввал се корманди муассисаи ислоҳӣ – майор Муродов Бурҳониддин, майор Ҳалимов Абдуҷаббор ва лейтенанти калон Асоев Маҳмуд Ҳамидовро бо корд ваҳшиёна ба қатл расонида, аз тавқифгоҳи ҷаримавии муассиса 8 нафар маҳбуси дигарро, ки онҳо низ аъзои созмони террористиву экстремистии «Давлати исломӣ» буданд, озод карданд ва сипас 5 нафар маҳбус, аз ҷумла Саид Қиёмиддин Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович (Махсуми Саттор) ва Сатторов Саидаҳмад (Шайх Темур)-ро дар назди дигар маҳбусон бо мақсади тарсонидани онҳо бо корд ваҳшиёна ба қатл расониданд ва даҳҳо нафар маҳбуси дигарро лату кӯб ва захмӣ карданд.
Сипас, аъзои ин гурӯҳ қисми тиббии муассисаро оташ зада, чанд нафар маҳбусро гаравгон гирифтанд ва бо мақсади фирор аз муассиса ба кормандони он ҳуҷум карданд.
Дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир карда шуданд. Шахсони ба гаравгон гирифташуда озод карда шуданд.
Оид ба ҳодисаи ба амал омада аз тарафи Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва тафтишот идома дорад.
Низоми муқаррарӣ дар муассиса, ки дар он якуним ҳазор нафар маҳбусон адои ҷазо мекунанд, барқарор карда шуда, вазъият зери назорат қарор дорад.