Зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тибии шаҳри Бохтар Иброим Мусоев гуфт, ки нақша доранд, дар дохили бинои коллеҷ як хобгоҳ барои донишҷуён созанд.
Айни замон дар хобгоҳи коллеҷ 150 нафар донишҷу иқомат мекунанд, ҳол он ки шумораи донишҷуён дар шуъбаҳои рузона ва шабона 3 ҳазору 655 нафар аст.
Ҳамчунин, ӯ афзуд, ки соли хониши гузашта 50 нафар донишҷӯи коллеҷ аз сафи донишҷӯён хориҷ шудаанд, ки дар байни онҳо духтарон низ буданд. Омилҳои хориҷ шудани донишҷуёнро ин шахси масъул сафарбар шудани онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва насупоридани пули шартнома арзёбӣ кард.
Манбаъ дар рафти нишаст, зикр кард, рузҳои наздик бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ ба коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар 50 намуд таҷҳизоти замонавӣ ворид хоҳад шуд, ки ин дар баланд бардоштани сатҳу сифати кори донишҷуён ҳангоми кор дар муассисаҳои тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.