Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятие мебошад, ки ҳадафи асосии он ҳимояи рӯзноманигорон ва созмонҳои рӯзноманигорӣ ҳангоми фаъолияти касбӣ аст. Марказ қабули дархост оид ба дастрас намудани воситаҳои ҳимояи шахсиро эълон мекунад.

Шумо метавонед маводҳои зеринро дархост кунед:

  • Либосҳои махсуси ҳимоятии тиббӣ ( болопӯш ва бахил)
  • Ниқоб барои рӯй
  • Айнакҳои махсус
  • Дастпӯшакҳои тиббӣ
  • Маҳлулҳои антисептикӣ.

Маводи мазкур барои истифода ҳангоми фаъолияти пурсамар ва саривақтии рӯзноманигорон дар беморхонаҳо, вохӯрӣ бо беморони мубталои коронавирус, мусоҳиба бо табибон дар дохили беморхонаҳо ва берун аз он доир ба масъалаи доғи рӯз – коронавирус дастрас карда мешаванд.

Дархостҳо танҳо аз роҳбарони васоити ахбори оммаи ватанӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият мебаранд, новобаста аз шакли фаъолияташон, қабул карда мешаванд.

Воситаҳои ҳимояи шахсӣ аз тарафи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо кӯмаки молии сафорати Амрико дар Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Муҳлати қабули дархост аз 27.06.2020 то 31.07.2020

Дархостҳо бояд тариқи хаттӣ ба суроғаи ш. Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ-16, «Шарқи озод»,  8-ум ошёна,  дафтари кории МТЖТ ва ё ба воситаи почтаи электронии faraj-mtjt@mail.ru фиристонида шаванд.

Телефон барои тамос: 900 67 56 85, 238 58 79

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь