Шаби 19 ба 20 январи соли 1990 бо фармони роҳбарияти ИҶШС воҳидҳои Артиши Шӯравӣ иборат аз 26 000 нафар ба Боку, Сумгаит ва дигар шаҳрҳои Озарбойҷон ворид шуданд. Дар натиҷаи ин ҳуҷуми харбӣ 147 нафар аҳолии осоишта ҷон бохта, 744 тан захмҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Ин ҳодиса ба таърихи Озарбойҷони муосир бо номиЯнвари сиёҳворид шуд.

Таккондиҳандаи ин ҳодисаҳои фоҷиабор иддаоҳои сарзаминии беасоси Арманистон алайҳи Озарбойҷон дар охири солҳои 80-ум, фаъолияти ҷудоихоҳонаву таҷовузкоронаи шовинистони арманӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Қаробоғи Озарбойҷон ва бепарвоии роҳбарияти Шӯравӣ нисбат ба ин амалҳои ғайриқонунӣ, инчунин бадарғаи иҷбории садҳо хазор озарбойчониҳо аз Арманистон буд, ва ин ҳама дар маҷмӯъ ба тақвияти ҳаракати Озарбойҷон ба муқобили Ҳокимияти Шӯравӣ мусоидат кард.

Бо максади пешгирӣ кардани ҳаракати умумихалкӣ ва шикасти азму иродаи халки Озарбойҷон дар роҳи истиқлолияти худ, Артиши Ҳукумати Советӣ ба хоки ин кишвар дароварда шуда, қойдаҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ, Сарқонуни (Конститутсия) ИҶШС ва ҶШС Озарбойҷонро комилан вайрон намуда куштори бемислу монанди ахолии осоиштаро даст зад.

Дар айни замон, пас аз рӯйдодҳои мудҳиш Пешвои умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дар намояндагии доимии Озарбойҷон дар Маскав нишасти матбуотӣ доир намуда, дар он ваҳшигариҳоро алайҳи мардуми Озарбойҷон шадидан маҳкум кард,  ва талаб намуд, ки ба ин ҳодисаҳо баҳои сиёсӣ дода шавад ва гунаҳгорон ба муҷозот кашида шаванд.  Дар ҷаласаи ғайринавбатии парлумони Озарбойҷон (Маҷлиси милли) дар моҳи феврали соли 1994 ҳодисаҳои 20 Январи соли 1990, ки дар ҷараёни он мардуми бегуноҳ бераҳмона кушта шуданд, расман таҷовузи низомӣ ва ҷиноят дониста шуд. Дар натиҷаи идомаи муҳокимаҳо дар парлумон моҳи марти соли 1994 қарор «Дар бораи ҳодисаҳои фоҷеабори 20 Январи соли 1990 дар Боку» қабул шуд.

Ҳодисаҳои хунини 20 Январ, ки 32 сол қабл рух додаанд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши сиёсиву ҳуқуқиро тақозо менамоянд. Бояд ёдрас намуд, ки дар натиҷаи ин фоҷиаи мудҳиш Эъломияи умумии ҳуқуқи башари СММ, Аҳдномаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ-байналмилалӣ дағалона вайрон шуданд, аз ҷиҳати моҳият ва миқёси, он ба яке аз ҷиноятҳои вазнини садаи бист табдил ёфт.

Роҳбарияти собиқи ҳукумати шуравӣ ҷавобгари бевоситаи ин ҷиноят аст. Тибқи қонунҳои байналмилалӣ, рӯйдодҳои 20 Январ бояд ҳамчун ҷиноят алайҳи башарият тавсиф шуда, ташаббускорон ва иҷрокунандагони он муҷозот шаванд.

Артиши шуҷои Озарбойҷон дар натиҷаи Ҷанги 44-рӯзаи Ватанӣ таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олӣ тамомияти арзии кишвари моро таъмин намуд ва имрӯз Озарбойҷон, ки 31-умин соли барқарории истиқлолияти худро аз сар мегузаронад узви арзанда, боэътимод ва масъулиятшиноси ҷомеаи ҷаҳонист.

Таҳкими истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Озарбойҷон асоси давлатдории мост ва муборизаи мо барои риояи доимии ин принсипҳои асосӣ идома дорад. Мо ба ҳар гуна таҳдидҳои эҳтимолӣ ба истиқлолият ва якпорчагии давлатамон посухи қатъӣ дода, барои ба масъулият кашидани гунаҳкорони ҷиноятҳои гуногун алайҳи халқу давлати Озарбойҷон тамоми гомҳои заруриро бармедорем.

Мо бо эҳтироми амиқ ва миннатдории бепоён рӯҳи ҳамаи шаҳидони қаҳрамони худро, ки барои истиқлолияти Озарбойҷон, барои соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварамон ҷони худро аз даст додаанд, гиромӣ медорем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь