Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи болоии парлумони Ҷумҳурии Ӯзбекистон раиси Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои равобити байналмилалӣ, равобити иқтисоди беруна, сармояҳои хориҷӣ ва турзим Равшанбек Алимов хулосаи расмии идораи Бозрасии давлатии назорати сифати таълими назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро интиқод кардааст.

Гуфта мешавад, дар сомонаи ин идора тавсия шудааст, ки фориғуттаҳсилони мактабҳои таълимоти умумӣ ва коллеҷу литсейҳои Ӯзбекистон аз дохилшавӣ ба як қатор донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон сарфи назар кунанд. Далел оварда мешавад, ки дар Тоҷикистон низ 8 донишгоҳ ба талаботи стандартҳои имрӯза ҷавоб дода наметавонанд.

Равшанбек Алимов гуфтааст, мувофиқи маводи интишорнамудаи ин идораи назорати сифати таълим, ки як идораи расмии Ӯзбекистон аст, дар ҷараёни нострификатсия (эътирофи давлатии диплом, дараҷа ва унвоне, ки дар дигар кишвар гирифта шудааст) ё санҷиши ҳаққонӣ будани дипломҳо маълум намудааст, ки як қатор донишгоҳҳои ду кишвари ҳамсоя – Тоҷикистон ва Қирғизистон манфӣ арзёбӣ шудаанд ва бар ҳамин асос ба шаҳрвандони Ӯзбекистон барои идомаи таҳсил тавсияҳо ироа гардидаанд.

Ба гуфтаи Равшанбек Алимов ҳангоми дақиқ аз назар гузаронидани матни тавсияҳо баъзе тезис ва натиҷагириҳои ин ҳуҷҷат саволҳову ихтилофи назарҳоро рӯи кор овардааст.

Раиси Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои равобити байналмилалӣ, равобити иқтисоди беруна, сармояҳои хориҷӣ ва турзим далел овардааст, ки қабл аз ҳама, идораи бозрасӣ ба ҷои он ки далелҳои мушаххас ва асоснок оварад, ба он иктифо намудааст, ки “ин донишгоҳҳо ба талаботи бозори меҳнати Ӯзбекистон мувофиқат намекунанд”.

Ҳамон талабот ё бузургиҳои бозори меҳнатро, ки боиси чунин натиҷагирӣ шудаанд, кӣ муқаррар кардааст? Кай ва аз тарафи кӣ донишгоҳҳои номашон зикршудаи кишварҳои ҳамҷавор таҳқиқ гардидаанд?

Равшанбек Алимов афзудааст, сониян, дар тавсияҳои эъломшуда тасдиқ карда мешавад, ки “таълими босифат арзон намешавад” ва “арзиши муқаррарнамудаи таҳсил бо усули шартномавӣ дар ин донишгоҳҳо наметавонанд маълумоти босифат диҳанд”. Барои чӣ? Чунин мутобиқат бо қонун чӣ  рабт дорад? Шояд дар қадами аввал зарурат пеш омадааст, ки ба таври объективӣ нархи шартномаҳо дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон арзёбӣ шаванд ва сифати таълиме, ки бо ин миқдор маблағ дода мешавад, муқоиса карда шавад?

– Ман фикр мекунам, ки ин ҷо дар бораи рақобат ва сатҳи рақобатнокии донишгоҳҳои мамлакати мо гуфтугӯ сурат гирад ,- изҳор кардааст Равшанбек Алимов.

Нуктаи сеюме, ки раиси Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои равобити байналмилалӣ, равобити иқтисоди беруна, сармояҳои хориҷӣ ва турзим Равшанбек Алимов баррасӣ кардааст, ҳамин аст, ки оё  идораи Бозрасии давлатии назорати сифати таълими назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳуқуқи чунин арзёбӣ кардани донишгоҳҳои кишварҳои хориҷиро дорад.

Ҳамчунин, ба ақидаи ӯ,  ин амал ва ҳадафҳои кормандони идораи мазкур ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва афзалиятҳои сиёсати хориҷии он  то чӣ андоза мувофиқат карда метавонад?

Раиси Кумитаи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуфтааст, ки ба идораи Бозрасии давлатии назорати сифати таълими назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон саволномаҳо ироа шудаанд ва посухи онро мунтазиранд.

– Он талошҳои сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев,ки дар фазои Осиёи Марказӣ сиёсати комилан навро пиёда мекунад, қадр мекунем ва ҳифз менамоем, зеро он дар шароити мураккаби вазъияти байналмилалӣ пиёда мегардад ва байни ҷумҳуриҳо робитаҳои дӯстиву бародарӣ қавитар мегарданд, мустаҳкам мешаванд, – гуфтааст Равшанбек Алимов.

Ба таъкиди раиси Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои равобити байналмилалӣ, равобити иқтисоди беруна, сармояҳои хориҷӣ ва турзими Ҷумҳурии Ӯзбекистон кишвараш бо Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон робитаҳои ҳасана барқарор намудааст ва он беш аз пеш барои манфиатҳои мардуми ин кишварҳо хидмат мекунад.

Ногуфта намонад, ки идораи Бозрасии сифати таълими назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон 8 донишгоҳи Тоҷикистонро низ дар феҳрасте ҷой додааст, ки сифати таълими ин донишгоҳҳо гӯё ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавоб дода наметавонанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь