Кохи Сафед тасдиқ кард, ба Укроин иҷоза додааст, ки бо мушакҳои ATACMS ба хоки Русия зарба занад.
Иёлоти Муттаҳида ба Укроин иҷоза дод, ки барои ҳамла ба вилояти Курски Федератсияи Русия аз мушакҳои дурпарвози ATACMS истифода барад. Дар ин бора Ҷон Кирбӣ, ҳамоҳангсози коммуникатсияҳои стратегии Кохи Сафед, дар брифинг гуфт. Вай гуфт, ки маъмурияти Амрико ба дастури истифодаи мушакҳои дурпарвози ATACMS тағйирот ворид шудааст, ки тибқи он Укроин метавонад танҳо ба ҳадафҳои мушаххас зарба занад.
Рӯзи 17-уми ноябр рӯзномаи The New York Times навишт, ки Ҷо Байден маҳдудиятҳои истифодаи ин мушакҳои дурпарвозро аз ҷониби Укроин барои зарба ба Русия лағв кардааст. Дарзамон Укроин бо ин мушак ба хоки Русия дар Курск ҳамла кард. Дар ҷавоб ҷониби Русия бо мушаки баластикии дурпарвози «Орешник» ба як ҳадаф дар хоки Укроин зарба зад.
Ҳоло, расонаҳо менависанд, Байден пеш аз ба охир расидани муҳлати президентиаш ба данболи роњест, ки ба Зеленский ва Укроин силоњи ҳастаӣ диҳад.