Кобинаи низомию сиёсии Исроил созишномаи бас кардани ҷанг бо Лубнонро маъқул донист. Созишро нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу эълон кард.

Дар созишнома пешбинӣ шудааст, ки нерӯҳои исроилӣ дар давоми 60 рӯз аз Лубнон берун хоҳанд шуд ва ҷангҷӯёни Ҳизбуллоҳ манотиқи марзиро тарк мекунанд. Дар ин минтақаҳо низомиёни артиши Лубнон љойгир карда мешаванд.

Нетаняҳу гуфт, ки муҳлати созиши оташбас ба амалкарди Ҳизбуллоҳ бастагӣ дорад. Агар ин гуруҳ дубора ҳамла кунад, ҷониби Исроил низ амалиёти ҷангиро аз сар хоҳад гирифт.

Нахуствазири Исроил ҳамчунин таъкид кард, ки ба шарофати талошҳои артиши Исроил Ҳизбуллоҳ барои “даҳҳо сол” ба ақиб андохта шуд.

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, низ изҳорот дод ва таъйид кард, ки созиши оташбас эълон шуда ва рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми ноябр эътибор пайдо мекунад. “Ҷанг хотима хоҳад ёфт. Он тамом мешавад. Ин бояд оташбаси доимӣ бошад”, гуфт ӯ. Ба гуфтаи вай, созиш дар Лубнон метавонад ба сулҳ дар Ховари Миёна мусоидат ва ба қатъи низоъ дар навори Ғазза кумак кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь