Соли 2019-ум 420 сокини вилояти Хатлон аз рафтори дағали табибон ба мақомот шикоят карданд.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода Мирзовалӣ дар нишасти матбуотӣ, ки дируз дар ин Раёсат баргузор гашт, гуфт, ки шикояти сокинон аз рафтори дағалаи табибон онҳоро низ нигарон кардааст.

Ба гуфти ӯ, соли гузашта 420 сокин аз рафтори бади табибон  ба Раёсати тандрустӣ ва Сараёсати хадамоти тандурусти назоратии давлатии тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон муроҷиат кардаанд.

Иттилоъ дода  шуд, ки  муроҷиати сокинон аз рафтори дағали табибони шаҳру ноҳияҳои Вахш, Ёвон, Муъминобод, Панҷ, Восеъ, шаҳри Бохтар, Кӯлоб, Кушониён ва Қабодиён бештар ба қайд гирифта шудааст.

Дар нишасти хабари  Раёсати тандурустии вилояти Хатлон бештар хабарнигорон аз пулситонии табибони тавалудхонаҳо ва дигар шуъбаҳо, ки беморон бештар шикоят мекунад,  суолу ҷавоб намуданд.

Раҷабзода Мирзовалӣ дар посух ба суолҳои рӯзноманигрон гуфт, дар ҳақиқат ин мушкил ҷой дорад ва мо баҳри ҳалли он тадбир андешида мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь