Якбора то ба 4 сомониву 30 дирам расидани як литр нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фуруши сӯзишвории минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ронандагони виситаҳои нақлиётро нигарон кардааст.
Ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш дар суҳбат гуфтанд, ки дар чанд рӯзи охир як литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 1 сомониву 80 дирам гарон шудааст. Ҳафтаҳои пеш як литр гази моеъ 2 сомониву 40 дирамро ташкил медод, ҳоло бошад як литри он 4 сомониву 30 дирам шудааст.
Азиз, як ронандае, ки ба мусофиркашонӣ машғул аст, бо нигаронӣ гуфт, бар замми гарон шудани нархи гази моеъ, ҳоло дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ин минтақа газ нест. Аз саббаи гарон шудани нархи газ ронандагон маҷбуранд нархи роҳкироро афзун кунанд, то хароҷоти худро рӯйпӯш кунанд.
Бояд гуфт, ки ин вазъият на танҳо ронандагон, балки мусофиронро низ ба ташвиш овардааст.
Масъулони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сабаби баланд шудани нархи гази моеъро ба кишварҳои тавлидкунанда рабт доданд. Сабаби дигар ворид нашудани газ мебошад.
– Кормандони Хадамот ҳоло даст ба коранд ва талош доранд, ки нархи газ бештар гарон нашавад, – гуфтанд аз Хадамоти мазкур.