Дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон 18 ҳазору 544 сокини вилоят бо ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин карда шуданд.
Аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар ин дарва ба онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 27 ҳазору 990 нафар муроҷиат кардаанд. Аз ин шумора 25 ҳазору 188 нафарашон ба қайди бекорон гирифта шуда, ба 13 ҳазору 133 нафари онҳо мақоми бекорӣ дода шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 18 ҳазору 544 нафар бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин карда шуда, 5 ҳазору 323 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба 4 ҳазору 734 нафар сарбози аз хизмати ҳарбӣ баргашта ва маҳбусони озодшуда кӯмакпулӣ дода шудааст.
Гуфта шуд, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ 209 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 5 ҳазору 155 нафари дигар машварати касбӣ гиритфанд. Ба гуфти манбаъ, ҳоло дар вилоят 2 ҳазору 486 ҷойҳои кории холӣ мавҷуд аст.