Бо омадани моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атрофи он нархи як литр шир, ки пештар 5 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло ба 8 сомонӣ баробар шудааст.
Бори аввал аст, ки дар шаҳри Бохтар нархи як литр шир, ки пештар 4-5 сомонӣ арзиш дошт, якбора ба 8 сомонӣ расидааст.
Сокинони ин шаҳр аз он изҳори ташвиш карданд, ки фурӯшандагон медонанд, дар ин моҳ мардум бештар ширчой истеъмол мекунанд, аз ин хотир, нархи як литр ширро ду баробар боло бурданд.
Ширфӯрушон гуфтанд, ки аз фермаҳо ва сокинон широ арзон мегирифтанд, ҳоло бошад як литри онро 5 то 6 сомонӣ мехаранд, маҷбуранд болояш як-ду сомонӣ зиёдтар фурӯшанд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулоти ниёзи авал аз ҷониби соҳибкорону баланд карда мешаваду ин ҳолат норозигии аксар сокинонро ба бор меоварад.