Дар вилояти Хатлон аз оғози пайдоиши бемории сироятии коронавирус 5 ҳазору 882 нафар ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 5 ҳазору 321 нафар, яъне 90,4 дарсад, шифо ёфтаанд.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода Мирзоалӣ дар нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод, ки 199 нафар гирифтори бемории илтиҳоби шуш дар беморхонаҳои вилоят ва 29 нафар дар хона, ки таҳти табобати амбулаторӣ қарор дошанд, фавтидаанд.

Манбаъ афзуд, дар шуъбаҳои бистарикунонӣ 2 ҳазору 420 нафар бистарӣ шуда буданд, ки 2 ҳазору 174 нафар шифо ёфтанд.

– То субҳи рӯзи 15-уми июли соли ҷорӣ 47 нафар дар беморхонаҳои вилоят бистарӣ мебошанд. Ҳамчунин, дар муассисаҳои КАТС тариқи амбулаторӣ аз авали пайдоиши бемории сироятӣ 3 ҳазору 469 нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуда, аз он 3 ҳазору 147 нафар, яъне 90,7 дарсад, шифо ёфтаанд. Айни замон 293 нафар бемор дар ҳолати амбулаторӣ таҳти назорати табибон қарор доранд, – илова кард ӯ.

Аз шумораи умумии гирифторони бемории илтиҳоби шуш баъди таҳлили лабораторӣ ташхиси COVID-19 дар 717 нафар мусбӣ буд, ки аз ин шумор 15 нафар фавтидаанд.

Раҷабзода Мирзоалӣ зикр кард, ки аз кормандони соҳаи тандурстии вилояти Хатлон 358 нафар бо бемории илтиҳоби шуш гирифтор шуданд, ки аз он табибон 162 нафар, ҳашираҳои тиббӣ 159 нафар, кормандони хурд 31 нафар ва шаш нафари дигар кормандони техникӣ мебошанд.

– То имрӯз 26 нафар корманди соҳаи тандрустии вилояти Хатлон аз бемории илтиҳоби шуш фавтидаанд, ки аз он 14  нафар табиб, 8 нафар  корманди миёнаи тиб, 2-и дигар кормандони хурд мебошанд, – илова кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Диловар Исозода имрӯз дар нишати матбуотӣ иттилоъ дод, ки 20 нафар корманди соҳаи моариф аз бемории илтиҳоби шуш фавтидаанд, ки аксари онҳо омӯзгор буданд. Аз ҷониби итифоқи касабаи маорифи вилояти Хатлон ба оилаҳои онҳо ёрии моливу ғизоӣ расонида шудааст.

Айни замон дар вилояти Хатлон вазъи гирифторшавиии сокинон ба бемории илтиҳоби шуш ва каронавирус коҳиш ёфтааст, аммо сокинон бо ҳисси масъулиятшиносӣ чораҳои бехатариро бояд риоя кунанд, гуфта шуд дар нишастҳои матбуотӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь