Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвилӣ натоиҷи интихоботи порлумонии рӯзи 26-уми октябр дар Гурҷистонро эътироф накард. Вай дар ин бора дар нишасти матбуотии вижа хабар дод.
«Ман ин интихоботро эътироф намекунам. Ин интихоботро эътироф кардан мумкин нест. Ин ба монанди эътирофи ба ин ҷо омадани Русия ва тобеияти Гурҷистон ба Русия аст”, – навиштааст ВВС аз қавли президент.
Зурабишвилӣ бар ин назар аст, ки натоиҷи раъйдиҳӣ тавассути “тақаллуби умумӣ ва мусодираи оро” ба нафъи ҳизби “Орзуи гурҷӣ” ошкор шудааст. Дар ҳамин ҳол, худи ҳизб иттиҳомотро дар бораи мавқеъгирии ҷонибдори Русия рад карда, худро як ҳизби сулҳҷӯ, ки мехоҳад бо Маскав созиш кунад, муаррифӣ мекунад.
Президент аз ҳамаи афроди норозӣ аз натиҷаи овоздиҳӣ даъват кард, ки дар тазоҳуроти эътирозӣ, ки 28-уми октябр баргузор мешавад, ширкат кунанд. Дар натиҷа дар хиёбони Шота Руставеллӣ гирдиҳамоӣ баргузор шуд.
Ба иттилои Комиссияи марказии интихоботи Гурҷистон, дар интихоботи порлумони Гурҷистон 2 миллион интихобкунанда овоз додаанд. Бар асоси натоиҷи шумориши 99,9 дарсади қитъаҳои интихоботӣ, ҳизби ҳокими «Орзуи гурҷӣ» 53,9 дарсади ороро ба даст оварда, барои давраи чорум дар сари қудрат боқӣ мемонад.