Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муовини Раиси шаҳр Гуреззода Умед зикр намуд, ки аз оғози пандемияи COVID-19 зиёда аз 9 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Ба гуфтаи Гуреззода Умед, дар замони пандемия баъзе аз бозорҳое, ки ба фурӯши сарулибос ва молҳои хоҷагидорӣ машғул буданд, фаъолияти худро муваққатан қатъ карда буданд.

– Агар хато накунам, қариб якуним моҳ фаъолият накарданд. Мо бо мақомоти андоз оид ба муваққатан андозбандӣ накардани соҳибкороне, ки дар бозорҳои “Корвон”, “Корвон плюс”, “Корвон-сити”, “Панҷшер” ва ғайра ба фурӯши либос машғул буданду барои пешгирӣ аз коронавирус фаъолияташон муваққатан қатъ гардида буд, ҳамсуҳбат шудем. Таҳлилҳои мо нишон дод, ки дар бозори “Корвон” зиёда аз 20-30 ҳазор мизоҷ вориди бозор мешаванд. Ин худаш як хавфи бузург буд. Бо қарори Пешвои миллат то моҳи август тамоми соҳибкороне, ки тибқи патент дар нуқтаҳои фурӯши бозорҳо фаъолият мекунанд, аз андоз озод гардиданд. Айни замон соҳибкорон дубора ба кори худ баргаштанд. Ягон монеа нест,- афзуд ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь