Имрӯз, 10-уми сентябр, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ва Чемпионати Осиё-2023 бо дастаи мунтахаби Муғулистон бозӣ кард.

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Федератсияи футболи Муғулистон дар шаҳри Улан-Батор баргузор шуд ва бо пирӯзии шогирдони Усмон Тошев ба анҷом расид.

Бозӣ бо бартарии дастаи мунтахаби Тоҷикистон гузашт, аммо соҳибони майдон зери роҳбарии мураббии олмонӣ Ҳанс Михаэл Вайсс ҳам маҳорати хуб нишон доданд. Дар ин бозӣ футболбозони тоҷик чанд корти зард гирифтанд ва дар як вазъият Искандар Ҷалилов корти сурх ҳам гирифт. Довар аз Сурия ба сармураббии дастаи мунтахаби Муғулистон низ корти зард нишон дод.

Голи ягонаро аз дастаи Тоҷикистон Даврон Эргашев дар дақиқаи 81-ум ба ҳадаф расонд.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони тоҷик дар даври якум дар майдони худ дастаи мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буданд. Голро навбозигари даста Алишер Ҷалилов зад.

Тоҷикистон дар гуруҳи F бо дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Қирғизистон, Муғулистон ва Мянмар бозӣ мекунад. Бозии ояндаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи ин мусобиқа моҳи октябр дар сафар бо Ҷопон баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь