Як ронандаи ширкати “Як таксӣ”-ро дар Душанбе бо 8 захми корд аз қисмати гардан ва дастҳо ба беморхона расонидаанд. Волидони ҷавони ҷабрдида Зиёвиддин Беков мегӯянд, ки ҳодиса бо фарзандашон субҳи 15-уми январи соли равон дар минтақаи Яккачинори шаҳри Душанбе рух додааст. Ҷавони таксиронро мизоҷаш ба чунин аҳвол расонидааст.

Зиёвиддин Бекови 23-сола чор моҳ инҷониб бо мошини иҷора дар ширкати “Як таксӣ” фаъолият доштааст. Падараш Мурод Беков дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки Зиёвиддин яккаписари хонадон аст ва ӯро тирамоҳи соли гузашта оиладор кардааст.

– Ман ҳам таксӣ меронам. Қаблан ману писарам бо як мошини иҷора дар ширкати “33 33” кор мекардем. Писарам пас аз тӯй, ба хотири пардохтани қарз, хоҳиш кард, ки боз як мошини дигар ба иҷора гирему дукаса кор кунем. Аммо бинед, ки кор ба ин дараҷа расид. Писарам субҳи рӯзи 15-уми январ аз маҳаллаи “Ҳаёти Нав”, аз наздикии тарабхонаи “Бохтариён” як касро гирифта, аввал то қарибиҳои “Ромсар” ва боз аз он ҷо ба маҳаллаи “Яккачинор” меорад. Мизоҷ кӯчаеро нишон медиҳад, он ҷо даромада меистад. Роҳкирои мизоҷ 37 сомонӣ шудааст. Пас аз он ки писарам маблағи роҳкироро мегӯяд, он одам, ки дар нишастгоҳи қафои мошин будааст, ногаҳон бо корд ҳамла карда, ба қисмати рости гардан 5 зарба ва ба ҳарду дастонаш як кордӣ мезанад. Бо ҳамин аҳвол Зиёвиддин бо он номард муқобилият нишон медиҳад, ӯ аз мошин фаромада мегурезад. Баъдан роҳгузарон мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карда, писарамро ба Беморхонаи “Қарияи Боло” мерасонанд. Табибон ҷарроҳӣ карданд, ду рӯз дар бахши эҳё буд, 8 рӯзи дигар дар утоқи умумӣ табобат гирифт. Дирӯз Зиёвиддинро ба хона ҷавоб доданд, – дар ҳоле, ки ашк гулӯгираш мекарду сиришки ғам даври чашмонаш ҳалқа мезад, нақл кард падари ғамзадаву ҳайрон Мурод Беков.

Мурод Беков бо аҳли хонавода дар деҳаи Зафари ҷамоати деҳоти Чоряккорон, ки қаблан шомили ҳудудҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва феълан ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аст, дар ошёнаи панҷуми бинои панҷошёна зиндагӣ мекунад, мегӯяд, ки қотил раги артерия ва дигар рагҳои асабу хунгардро аз тарафи рост буридааст. Барои ҳамин чашму дасти рости Зиёвиддин аз ҳаракат бозмондаанд. Падар мегӯяд, ки ният дорад иҷора нишинад ва ба хотири табобати писари ягонааш манзили истиқоматиашро ба фурӯш гузорад.

– Барои табобату ба по хезондани писарам пул лозим аст. Мо маблағи захира надорем. Маҷбурам, ки хонаамро фурӯхта писарамро табобат кунам, – гуфт падари Зиёвиддин.

Ёдовар мешавем, ки мақомот аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишот идома дорад. Қазияро пайгирӣ хоҳем кард.

PS: Ҳарчанд волидони Зиёвиддин намехостанд, аммо мо ба саховату ғайрати мардуми тоҷик бовар дорем ва рақами корти бонкии “Душанбе-Cити”-и падари Зиёвиддин Мурод Бековро ин ҷо мегузорем, то хоҳишмандон ба қадри имкон ба ӯ кӯмаки пулии худро дареғ надоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь