Сарояндаи маъруфи тоҷик Файзигул Юсуфӣ дар синни 50-солагӣ дар яке аз бемористонҳои кишвари Ҳиндустон аз олам даргузашт.
Файзигул Юсуфӣ яке аз чеҳраҳои намоёни суруду мусиқии тоҷик буд, ки беш аз 30 сол рӯйи саҳна ҳунарнамоӣ мекард. Ӯ дар дастаҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Дар баробари иҷрои сурудҳои халқӣ, ӯ маҳорати хуби иҷрои сурудҳои этрадиро низ дошт.
Гуфта мешавад, ӯ барои ҷарроҳӣ ба кишвари Ҳиндустон рафта буд ва субҳи 29-уми ноябр дар ҳамон ҷо аз олам гузаштааст.
Блоки рекламавӣ