Дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкор Амирхон Чориев бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ  сохтмони фермаи парандапарварӣ барои истеҳсоли гӯшти мурғ идома дорад.

Сухангӯи ҳукумати шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод, ки сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода зимни сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб  аз рафти корҳои сохтмонӣ дар фермаи парандапарварӣ барои истеҳсоли гӯшти мурғ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳр аз наздик шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншооти мазкур ба соҳибкор Амирхон Чориев тааллуқ дошта, тибқи нақша дар майдони 0,90 га замин ба истифода дода мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2021 оғоз гардида, аз рӯи нақша бояд то охири соли 2022 ба анҷом расонида шавад. Тибқи харҷнома маблағи корҳои сохтмонӣ 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Айни замон ба корҳои сохтмонӣ 10 нафар коргари маҳаллӣ ҷалб карда шуда, баъди ба истифода додан 8 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Дар навбати аввал фермаи мазкур барои 35000 сар паранда ба нақша гирифта шудааст.

Соҳибкор Амирхон Чориев ният дорад дар шафати иншооти мазкур боз як фермаи дигар сохта мавриди истифода қарор диҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь