Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон каме боло рафта, арзиши он ба 0,145 сомонӣ баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки моҳи декабр арзиши рубли русӣ ба 0,136 сомонӣ поин рафта буд.

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, рубли нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон имрӯз бо арзиши 0,1437 то 0,1455 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Манбаъ арзиши миёнаи 1 долларро дар бозори нақд аз 9,4384 то 9,4400 сомонӣ ва 1 евроро аз 10,8098 то 10.8500 сомонӣ арзёбӣ кард.

Қурби расмии асъори хориҷӣ барои имрӯз – 1 доллари ИМА — 9,4384 сомонӣ, 1 евро – 10,8098 сомонӣ ва 1 рубли русӣ – 0,1437 сомонӣ муқаррар шудааст.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ аст ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноиро дар пай дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь