Айни замон дар назди Теппаи Қӯрғони маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар арчаи солинавиро насб мекунанд, ки баландии он 20 метр буда, паҳноиаш 8 метрро ташкил медиҳад.
Сардори Муассисаи давлатии коммуналӣ, чароғонкунӣ ва ороиши шаҳри Бохтар Ёрмаҳмад Назарзода гуфт, арчаи солинавӣ бо дасгирии МИҲД- шаҳри Бохтар дар майдони Терппаи- Қӯрғони шаҳр бо тарзи замонавӣ ва ороишҳои хуб насб мешавад. Ӯ иттилоъ дод, ки барои ороиши арчаи солинавие, ки шаҳри Бохтарро зиннат медиҳад, зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ сарф хоҳад шуд.
Қайд гардид, ки барои бозии кӯдакон дар атрофи арча кулбаҳо ва дигар ороишот ташкил карда мешавад. Ӯ гуфт, арчаи имсола ба кӯуллӣ аз арчаҳои соҳои гузашта фарқ карда, зеботару муосиртар аст.
Бояд гуфт, ки то истиқболи Соли Нави мелодӣ рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст ва имрӯзҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон насби арчаҳои солинавӣ оғоз гардида, баландтарин арчаи солинавӣ аз шаҳри Бохтар мебошад.