Раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид ба дидору мулоқоти собиқ раиси шаҳр ва аввалин раиси КИ ҲХДТ Асомуддин Саидов рафт.

Дар ин рӯз раиси шаҳрро раиси  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода ва ва муовини раиси шаҳр Қурбонзода Наргис ҳамроҳӣ карданд.

Бояд гуфт, ки Саидов Асомуддин Асадуллоевич ҳангоми адои вазифа ба ҳайси раиси шаҳри Қӯрғонтеппа дар солҳои 1993-1998 яке аз муассисони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) ба ҳисоб мераванд.

28 апрели соли соли 1998 дар конференсияи 1-уми ҲХДТ дар шаҳри собиқ Қӯрғонтеппа раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр интихоб гардида буд. Он замон раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар баробари раиси шаҳру ноҳия буданашон ҳамзамон раисии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳоро низ ба ӯҳда доштанд. Саидов Асомуддин дар солҳое, ки раиси шаҳри Қӯрғонтеппа таъин гардида буд, вазъияти кишвар, хусусан шаҳри Қурғонтеппа бисёр вазнин, ҳассос ва ноором буд.

Айни замон Асомуддин Саидов дар ноҳияи Вахш дар иҳотаи наберагон давлатӣ пирӣ меронад. Хизматҳои Асомуддин Саидов борҳо аз тарафи роҳбарият қадрдонӣ шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь