Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2023, №АП-470, дар бораи баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю хунарҳои мардумӣ, имрӯз дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва бахши занон ва оилаи мақомот, дар тарабхонаи “Эҳсон”-и шаҳри Бохтар, озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр Қурбонзода Наргис, намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот ва аъзоёни ҳакамон иштирок карданд.

Мақсад аз баргузории озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» густариши ҳунарҳои пазандагӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти кадбонуҳои беҳтарин, донандагон ва пазандагони таъомҳои қадима ва замонавӣ ва ба ин васила тарғиби расму оинҳои миллӣ буда, ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани ҳунари кадбонугии бонувон, ҷалби ҷавондухтаронро ба ҳунарҳои пазандагӣ, эҳёи таъоми миллӣ, бонувони хонанишин ба корҳои ҷамъиятӣ иборат мебошад.

Кадбонуҳо бо шартҳои озмун, аз қабили “Намоиши ҳунарҳои кадбонугӣ, таомҳои миллии қадима ва замонавӣ”, “Намоиши маҳсулоти нонӣ, аз қабили кулча, чаппоти, фатир, гирдача, шириниҳо, кулчақанд ва ғайра”, “Намоиши тайёр намудани як таъоми миллӣ ва муаррифии он, бо либоси махсуси хоси кадбонугӣ” иштирок намуда, аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ карда шуданд.

Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳангӣ шаҳри Бохтар, барномаи фарҳангии хотирмонро пешкаши ҳозирин намуданд. Дар анҷоми чорабинӣ ғолибонро бо дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь