Баъди азнавсозӣ “Боғи фарҳангу фароғатии Садриддин Айнӣ” дар шимоли Душанбе ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи боғ аз болои муҷассамаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ пардаро бардошта, ин марказро мавриди истифода қарор дод. Дар ҳамин ҷо бо иштироки шоир Фарзона маҳфили шеър баргузор шуд. Муҷассама аз ҷониби арбоби ҳунари Тоҷикистон, ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев дар масоҳати 86 метри мураббаъ сохта шудааст.

Мақбара бо истифода аз сангҳои гуногун бунёд шуда, дар он нақшу нигори миллӣ ҳаккокӣ карда шудааст. Масоҳати умумии мақбара 160 метри мураббаъ буда, роҳравҳои атрофи он бо сафолакҳои ранга оро дода шудааст.

Дар доираи корҳои таҷдид дар боғ бинову иншооти зиёд, аз ҷумла мақбара ва муҷассамаи устод Айнӣ, бинои Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра навсозӣ гардидааст.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз ду даромадгоҳ, аз ҷумла асосӣ ва ҷанубӣ иборат аст.

Ба хотири ташкилу ба роҳ мондани барномаҳои консертӣ, маҳфилҳои ҳунарию эҷодӣ ва ғайра Амфитеатр сохта шудааст. Иншооти мазкур дар масоҳати 2 ҳазору 540 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 1600 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла утоқҳои кории ҳунармандон ва қаҳвахона мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь