Bloomberg бо истинод ба муовини собиқи раисиҷумҳури Эрон ва собиқадори Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Муҳсин Ризоӣ менависад, баъд аз Сурия мақомоти Исроил мехоҳанд дар моҳҳои наздик ба Ироқ ва Эрон ҳамла кунанд.

Ба гуфтаи вай, Исроил аз навори Ғазза оғоз карда, баъдан ба Лубнон ва Сурия ҳамла кард. “Дар моҳҳои оянда онҳо қасд доранд ба Ироқ ҳамла кунанд ва орзуи идомаи ҳамла ба Эронро доранд”, гуфт Ризоӣ.

Қабл аз ин шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” бо такя ба як манбаи огоҳ хабар дода буд, ки ҷунбиши фаластинии ҲАМОС рӯйхати гаравгонони исроилӣ дар навори Ғаззаро ба мақомоти Миср супурдааст.

Дар ҳоли ҳозир миёнаравҳо барои расидан ба оташбас дар Ғазза ва дастёбӣ ба хуруҷи нирӯҳои исроилӣ аз долони Филоделфиё, минтақае дар марзи миёни Миср ва Ғазза, машварат доранд. Ба иттилои як манбаи Ал-Арабия, қарор аст, идораи гузаргоҳи Рафаҳ дар марз бо Миср ба ихтиёри маъмурияти миллии Фаластин вогузор шавад.

Қаблан ин шабака “пешгӯӣ”-и Жириновскийро дар бораи сарнагунии Асад гӯшзад карда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь