Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 13 километр роҳҳои мошингард бо харҷи беш аз 5,5 миллион сомонӣ бо дасгирии Вазорати нақлиёт, МИҲД-и ноҳия ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатманд пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён Ҷовид Ҳакимзода ба “Фараж” гуфт, ки таъмири роҳҳо дар доираи нақша чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар амали гашта истодааст.
Қайд гардид, ки барои таъмирии роҳҳои маҳаллӣ ҳамчунин аз ҳисоби буҷети ноҳия дар ин давра 400 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки бо ин маблағ роҳҳо таъмир гардиданд.
“Аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар барои таъмири роҳҳо ва дигар корҳо 220 ҳазор сомонӣ ва 52 тонна битум (муми часпак) ба муассиса дода шуд”, – илова кард ӯ.
Ҷовид Ҳакимзода афзуд, ки дар мувозинати Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён 34,8 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 17,9 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 174, 4 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта ҳаст. Роҳбарияти ноҳияи Кӯшониён, Вазорати нақлиёт ва масъулони Муассисаи мазкур азм доранд, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ҳамаи роҳҳои мошингарди ноҳияро таъмиру таҷдид карда, рафтуомади воситаҳои нақлиётро таъмин созанд.