Фитнаи зан ва фариштагон
Дар бархе аз китобҳои тафсир ривояте омада: «Фариштагон чун аъмоли хабиси банӣ-Одамро диданд, ба само сууд карда гуфтанд:
-Поко Парвардигоро, мардуме офаридӣ ва ононро каромат додӣ, ки итоати туро ба ҷой намеоранд.
Худои таоло гуфт:
-Агар он чи ба онҳо додаам, ба шумо низ аз шаҳват ва ҳавои нафс арзонӣ дорам, шумо ҳам итоат намекунед.
Гуфтанд:
-Парвардигоро, ҳаргиз аз итоат нахоҳем баромад.
Худои таоло гуфт:
-Аз шумо ду фариштаро бармегузинам.
Пас, Ҳорут ва Морутро интихоб кард, ки аз солеҳтаринҳо буданд. Офаридгор ба онон шаҳватро бор кард ва фармон дод, ки ба замин фуруд оянд ва миёни мардум ба кори ҳақ машғул бошанд. Ба онҳо ширк, қатл, зино ва шаробро наҳй кард ва исми аъзамро омӯзонд. Онҳо ба замин фуруд омада ва ба анҷоми маъмурияти худ саргарм шуданд ва шабонгоҳ бо исми аъзам ба осмон сууд мекарданд. Рӯзе назди эшон зане бо номи Зуҳра, ки басе зебо буд, омад. Чун назари Ҳорут ва Морут ба Зуҳра афтод, ба ӯ моил шуданд ва оташи ҳавас дар дилҳояшон фурӯзон гашт. Зуҳра аз онҳо тақозо кард, ки шавҳарашро ба қатл расонанд. Онҳо талабашро иҷро карданд. Сипас, ба ҳар ду фармуд, ки шароб нӯшанд. Шароб низ нӯшиданд. Баъдан, иқтизо кард, ки ба бут саҷда оваранд. Ин амрро низ ба ҷо оварданд. Талаб кард, ки ба ӯ исми аъзамро ёд диҳанд. Исми аъзамро ба ӯ омӯзонданд. Ва тавассути исми аъзам ба осмон рафт. Худои таоло ӯро ба ситорае бо ҳамон номи маъруф Зуҳра мубаддал кард.
Чун дарёфтанд, ки Зуҳра ба осмон рафта, онон низ исми аъзамро тиловат карданд, вале болҳо пайдо нашуданд. Ҳар ду назди Идрис- пайғамбари Худо рафта аз ӯ суол карданд, ки эшонро назди Худо шафоат кунад…
Худои таоло ба онҳо фармуд, ки аз ду яке- ё азоби ин дунё, ё азоби охиратро интихоб намоянд. Онҳо азоби дунёро баргузиданд. Ҳорут ва Морут дар Бобул аз мӯи сарҳояшон овезонанд ва бо гурзҳои оҳанӣ онҳоро то рӯзи қиёмат мезананд. Чашмонашон кабуд ва пӯсташон сиёҳ аст.
Инак, ҳамин сон фариштаҳо низ ба фитнаи зан гирифтор омаданд.
Зане, ки аз макраш кӯҳ фурӯ рафт
Ривоят кунанд, ки дар банӣ-Исроил марди солеҳе буд ва зани соҳибҷамоле дошт. Ҳар бор, ки аз хона мебаромад, дарро ба рӯяш маҳкам мекард.
Рӯзе, ҳангоми кушодан ва бастани дар, назари зан ба ҷавоне афтод. Ҷавон низ аз ҷамоли зан дар ҳайрат монд ва ба ӯ майл кард. Онҳо бо ҳам аз паси дар суҳбат доштанд. Чунон иттифоқ афтод, ки зан ва он ҷавон калиде сохтанд. Ҷавон ҳар гоҳе ки мехост назди зан даромада, ком мебардошт. Вохӯрии онҳо чанд замон давом кард, вале шавҳараш аз ин хабар надошт. Рӯзе шавҳараш ба зан гуфт:
-Ту хеле дигар шудаӣ. Намедонам сабабаш чӣ бошад? Мехоҳам қасам бихурӣ, ки ғайр аз ман дигар мардеро намедонӣ.
Дар сарзамини банӣ-Исроил кӯҳе буд, ки дар назди он қасам мехӯрданд. Он кӯҳ дар хориҷи шаҳр воқеъ гардида, аз қарибаш рӯде ҷорӣ буд. Шахсе ки қасами дурӯғ ёд мекард, ҳатман ҳалок мегардид.
Зан гуфт:
-Оре, ҳар гоҳ хоҳӣ, қасам мехӯрам.
Ҳангоме ки он марди солеҳ рафт, ҷавон чун одат вориди хона шуд. Зан гуфтугузореро, ки бо шавҳараш дошт, ба ҷавон нақл кард ва афзуд:
-Ҳеҷ мумкин нест, ки қасами бардурӯғ хӯрам. Чорае бинамо!
Ҷавон ба андеша фуру рафт ва маҳзуну ноилоҷ гардид.
Зан гуфт:
-Худро ба даст гир. Он чи гӯям, ҳамонро кун. Фардо субҳ либоси харбонро ба тан кун ва хареро бигиру дар назди дарвозаи шаҳр интизор бош. Ҳангоме ки ману шавҳарам аз наздат мегузарем, аз ту мепурсам, ки оё харат озод аст? Бигӯй, бале. Ва маро бардошта ба хар савор кун.
Ҷавон гуфт:
-Гӯш мекунам ва фармонбардорам.
Чун фардо расид, марди солеҳ гуфт:
-Омода бош, ба кӯҳ меравем.
Зан гуфт:
-Маро тоқати пиёда рафтан нест.
Мард гуфт:
-Рафтем… агар харе ёбем, ба иҷора мегирем.
Ҳангоме ки назди дарвоза омаданд, зан он ҷавонро дид ва садо кард:
-Эй ҷавон, оё харатро ба ним дирам, то кӯҳ ба иҷора медиҳӣ?
Гуфт:
-Оре.
Ҷавон дафъатан ӯро бардошта, ба хар савор кард ва ба кӯҳ расиданд.
Зан гуфт:
-Эй ҷавон, маро фуруд ор.
Ҷавон ӯро аз хар фуровард ва зан худро намоиш дод.
Сипас, ба назди кӯҳ омада қасам хӯрд, ки ҳеҷ касе ба ӯ даст нарасонда ва ба ҳеҷ инсоне назаре накарда, ғайр аз шавҳараш ва он ҷавон. Кӯҳ ба изтироби шадид омад, ларзид ва фуру рафт.
Суръати тағйири вафои зан
Гӯянд, занеро шавҳар вафот кард. Баъди дафн ба сари қабраш омада, чандон талх гиря кард. Дар тарафи муқобил мардеро ба дор кашида буданд ва ҳукумат посбонеро гузошта буд, то ҷасадро надузданд.
Посбон садои гиряи занро шунида, наздаш омад ва сабаб пурсид. Зан ба ӯ дар бораи фавти шавҳараш хабар дод. Посбон ӯро ором карда, дар омади сухан гуфт, ҳар кӣ таваллуд ёфт, ҳатман таъми маргро мечашад. Ва илова намуд, ки омада аст ӯро ба занӣ бигирад. Зан хурсанд шуда, ҳузну андӯҳро фаромӯш кард… Ҳар ду назди дор омаданд ва дарёфтанд, ки дуздҳо кайҳо ҷасадро бурдаанд ва аз он нишоне нест. Посбон дасти надомат ба сар зада гуфт, ки ҳоким ба ӯ чӣ ҷазое хоҳад дод. Зан пешниҳод кард, ки шавҳарашро аз қабр бадар карда ба ҷои ӯ овезанд. Ҳар ду ҳамон тавр карданд. Ҳоким аз ҳақиқати ҳол воқиф гардида, посбонро ҷазои сазовор дод ва ҳар ду дасти занро бурид.
Рози занҳо
Гӯянд, марде, ҳангоми кофтани чоҳ, кӯзаи пурзар ёфт ва хурсандиаш бекарон буд. Хост ба манзилаш омада, ба занаш хабар диҳад. Ба ёдаш омад, ки занҳо розеро ҳифз карда наметавонанд. Агар онро ба ӯ гуяд, сирраш фош мешавад ва малик кӯзаро аз вай мегирад.
Ба хулосае омад, ки қабл аз маълум кардан ӯро бисанҷад. Он шаб хобид ва дар ҷойхобаш тухме гузошт. Субҳдам занашро бедор карда, гуфт:
-Ман мехоҳам рози ниҳоят махфиро ба ту бигӯям ва шарташ он аст, ки касеро хабар надиҳӣ. Оё ин розро пинҳон дошта метавонӣ?
Зан гуфт:
-Чиро натавонам?
Мард гуфт:
-Ҳар шаб воқиаи аҷибе ба ман рӯй медиҳад ва субҳ бармехезам, ки тухме гузоштаам. Инак он тухм. Ин розро аз ту пинҳон медоштам ва метарсидам, ки мабодо ба касе онро ифшо созӣ. Чун донистам, ки ба асрори ман мутмаинӣ, бинобар ба ту гуфтам. Мабодо ба касе онро гӯӣ.
Зан гуфт:
-Мутмаин бош, ба касе ҳаргиз нагӯям.
Чун шавҳараш аз паси кори худ рафт, зан гаронии ин хабарро эҳсос кард. Чанде дар ҳавлӣ гаштугузор карда, ҳамсоязанро наздаш даъват карда гуфт:
-Хоҳар, оё ту сирри махфиро нигоҳ дошта метавонӣ?
Ҳамсоязан низ ваъда дод, чуноне ки ӯ ба шавҳараш.
Гуфт:
-Шавҳарам, ҳар шаб ду тухм мегузорад. Инро ба чашми худам дидам ва ба тааҷҷуб афтодам. Шавҳарам гуфт, ки ин розро зинҳор ба касе нагӯям. Аз ту хоҳиш мекунам, ки инро ба касе хабар мадеҳ.
Ҳамсоязан гуфт:
-Натарс, ин розро ман ҳифз мекунам, чунон ки худ ҳифз намудӣ.
Чун ҳамсоязан аз ӯ дур шуд ва назди ҳамсояи дигараш рафта гуфт, ки шавҳари ҳамсояаш ҳар шаб даҳ тухм мегузорад. Ин хабарро занаш ҳамин субҳ ба ӯ гуфтааст.
Аз ту илтимос мекунам, ки ин сирро пинҳон дор ва ба касе нагӯй. Ҳамсоязан ваъда дод, ки ин сир дар байни худашон боқӣ мемонад.
Чун бо ҳам хайрухуш карданд, он зан либосҳояшро ба бар карда, ба хонаи ҳамсояи дигар рафт ва аз ин хабар огоҳ кард. Вале шумораи тухмҳоро ба бист расонд.
Ҳамин гуна ин хабар ба занҳои дигар интиқол ёфта адади тухмҳо меафзуд. Ҳанӯз офтоб нағурубида, адади тухмҳо ба сад расид ва аз ин ҳоким хабар ёфт. Ходимонаш он мардро наздаш оварданд.
Ҳоким гуфт:
-Эй мард, ба ман хабар расид, ки ҳар шаб ту сад тухм мегузорӣ?
Мард гуфт:
-Ҳоким, оё бовар мекунед, ки ҳеҷ яке аз банӣ-Одам чун мурғ тухм гузорад? Вале ин ҷо рози азимест. Агар ба ман амон диҳед, онро ба шумо мегӯям.
Ҳоким гуфт:
-Ба ту амон додам, бигӯй.
Мард дар бораи аз чоҳ ёфтани кӯзаи пурзар ва барои озмоиши занаш, ки оё сирро нигоҳ дошта метавонад, ба ӯ гуфта, ки ҳар шаб як дона тухм мегузорад. Ва ӯро таъкид карда, ки ин сирро ба касе нагӯяд. Ҳанӯз рӯз ба поён нарасида, ин хабар ба саросари кишвар паҳн шуда, адади тухм ба сад расид. Ҳоким чун фаҳмид, хеле хандид ва он кӯзаро ба ӯ бахшид. Ва он мард тӯли ҳаёташ розеро ба занаш накушуд.
Аз арабӣ тарҷумаи Мунаввари САФАР