Онҳое, ки имрӯз Тӯрон ва тӯрониёни ҳамосиро бо Туркистон ва туркони таърихӣ айният медиҳанд, аз ҷумла ба «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ истинод мекунанд. Дар ҳоле ки баррасии мунсифона ва ҳамаҷонибаи тамоми гуфтаҳои ин ҳамосасарои бузург дар заминаи мавзӯи ёдшуда тахмини болоро тасдиқ наменамояд.

Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шoҳнома» аз кишвари ҳамосии Тӯрон ҳамчунин бо номҳои «Тӯронзамин», «Шаҳри Тӯрон», «Тӯр» ва «Кишвари Тӯр» ёд овардааст. Аммо дар ҳеч мавриде мустақиман ишора ба он накардааст, ки Тӯрон муродифи Туркистон мебошад. Чунон ки ӯ ин амалро дар нисбати Мовароуннаҳр, Даҷла, Байтулмуқаддас ва ғ. анҷом додааст ва онҳоро сареҳан Варазрӯд ё Куҳистон, Арванд ва Дижҳӯхташ ё Хонаи пок номидааст. Гузашта аз ин аз рӯйи мушоҳидаи мо дар тамоми «Шоҳнома» истилоҳи «Туркистон» танҳо як маротиба ва он ҳам дар унвони фасли «Гуфтор андар рафтани Тӯс ба Туркистон» ба сифати минтақаи ҷуғрофии ҷудогона истифода шудааст, на ба ҳайси муродифи Тӯрон.

Тӯрон дар тасаввури шоири тӯсӣ кишварест, ки дар байни Чин ва рӯди Ҷайҳун (Омӯ) ҷойгир мебошад. Вай дар ин бора аз забони Афросиёб шоҳи Тӯрон дар хитоб ба паҳлавони тӯронӣ Гарсеваз чунин фармудааст:

Зи Чин то лаби рӯди Ҷайҳун марост.

Аз он ки марзи Тӯрон то лаби рӯди Ҷайҳун буд, дар «Шоҳнома» борҳо, ба таври ғайримустақим, таъкид ёфтааст. Ин нукта хусусан ҳангоми лашкаркашиҳои тӯрониён ва эрониён бар зидди якдигар ба назар мерасад. Ҳамин ки лашкари тӯрониён ба лаби рӯди Ҷайҳун мерасад ва онро убур карданӣ мешавад, эрониён хабар меёбанд ва ба муқобилият бармехезанд. Ва ё баръакс ҳамин ки эрониён баҳри дафъи ҳамлаи тӯрониён бармехезанд ва то ба лаби рӯди Ҷайҳун мерасанд, тӯрониён огоҳ мегарданд ва ба ҷанг медароянд.

Ба ҳайати он кишваре, ки аз Чин то лаби руди Ҷайҳунро фарогирифта буд, тавре ки аз баъзе гуфтаҳо ва ишораҳои соҳиби “Шоҳнома” бармеояд, capзаминҳои Турк ва Чин (Туркону Чин, Дашти Туркону Чин, Чин) шомил будааст. Чунончи Салм – писари меҳтари Фаридуни эронӣ дар хитоб ба бародараш Тӯр писари миёнаи падар пас аз бахш кардани Фаридун ҷаҳонро ба писарон ба мақсади фитна андохтан ба муқобили бародари меҳтари худ Эраҷ гуфтааст:

Супорад туро Дашти Туркону Чин,

Keҳ аз мо сипаҳдори Эронзамин.

Вале дар бораи он ки ба ҳайати кишвари Тӯрон ба ҷуз Турк ва Чин caрзаминҳои дигаре низ дохил буданд ё на, Фирдавсӣ дар ҳеч ҷойе сухан боз нанамудааст. Ҳол он ки дар ин фосилаи бузурги ҷуғрофӣ, ки аз Чин то рӯди Ҷайҳун тӯл кашидааст, ғайр аз Турк ва Чин таърихан чанд кишвари дигаре низ буд, аз қабили Суғд, Бохтар, Чағониён, Фарғона ва ғ., ки аҳли онҳо аз мардумони бумии ин минтақа ва аз нажоди ориёӣ буданд. Аз ин кишварҳои ёдшуда муаллифи “Шоҳнома” танҳо аз Суғд дар мавриде ба ҳайси “подшоҳии ҷудо” – давлати мустақил ном бурдааст:

Ба Суғдему ин подшоҳи ҷудост.

Гумони ғолиб он аст, ки сарзаминҳои боқимонда низ дар қатори Турк ва Чин дар ҳудуди онвақтаи кишвари ҳамосии Тӯрони Фирдавсӣ буданд. Бино ба навиштаи академик Бобоҷон Fафуров, ҳангоми истилои Мовароуннаҳр аз тарафи туркон, ки ба асрҳои VI ва VII масеҳӣ рост меояд, дар ин сарзамин давлати нисбатан муқтадири ҳайтолиён вуҷуд дошт, ки ба он аз ҷумла Эрони Сосонӣ боҷ медод. Низоъ ва задухӯрдҳои nайдарпае, ки дар миёни ҳайтолиён ва Эрони сосонӣ ба вуқӯъ мепайваст ва аз он муллифи китоби “Тоҷикон” шаҳодат додааст, ҷангҳо ва лашкаркашиҳои мунтазами эрониён ва тӯрониёнро дар “Шоҳнома” ба хотир меорад. Ва ин чиз исботи равшани он аст, ки бо ҳам ҷангидани ҳайтолиёну эрониён дар замони сосониён ва лашкаркашиҳои тӯрониёну эрониён дар ҳамоса далели он нест, ки онҳо аз қавмҳои дигар ва аз нажодҳои мухталиф буданд. Ҳақ ба ҷониби доктор Сайид Муҳаммад Дабири Сиёқист, ки дар замина фармудааст: “Тӯрониён ориёнинажоданд ва бо эрониёни ҳамнажоди худ.. душманӣ ва рақобат меварзиданд”.

Дар бораи он ки Тӯрон яке аз панҷ бахши Эроншаҳри қадим буд, дар Фравардини Яшти Авасто маълумот ҳаст. Донишмандон мабнӣ бар Авасто ба хулосае омаданд, ки низои байни Эрон ва Тӯрон заминаи мазҳабӣ дошт ва аз замоне сар шудааст, ки паямбар Зардушт ба даъвати яккахудоӣ оғоз карда буд. Ва ба назари онҳо, сабаби ғайриэронӣ эълон гардидани Тӯронён, ки қабилаҳои бодиянишини ориёнӣ буданд, низ дар ҳамнин мебошад. Ричард Фрай тахмин мекунад, ки бар асари идомаи фароянди ғайриэронй шуморидани тӯрониён ва ҳам ҳодисаи аз тарафи қабилаҳои туркнажод истило гардидани сарзамини Тӯрон бо Туркон ва Туркистон айният додани тӯрониён ва кишвари онҳо оғоз ёфтааст.

Аз Тӯр – писари Фаридун ва аҷдоди вай – Зодшам, Пашанг ва Афросиёб, ки дар Тӯрон ҳукмронӣ менамуданд, ҳамзамон бо унвонҳои тӯроншоҳ ва Шаҳрёри Тӯрон ба ҳайси “Шоҳаншаҳи Туркону Чин», “Шоҳи Туркон”, “Солори Туркону Чин” ва “Сипаҳдори Туркону Чин”, “Шоҳи Чин” ном бурдани Фирдавсӣ ба он маъност, ки дар байни раъияти кишвари Тӯрон дар замонҳои баъдӣ ғайр аз қавмҳои ориёӣ ҳамчунин намояндагони қавмҳои дигар, дар айни замон туркон ва чиноиҳо низ буданд. Дар он замон, тавре ки муаллифони таърихномаҳо шаҳодат медиҳанд, аз замонҳои қадим дар ҳайати лашкариёни қавмҳои ориёӣ, ба шумули тӯрониён, туркон зиёд буданд. Ин, аз як тараф. Аз тарафи дигар, чунон ки аз таърихномаҳо бармеояд, пасон давлати ҳайтолиён ба фишору ҳамлаҳои дутарафаи Эрони сосонӣ ва туркони хоқонӣ тоб наоварда, ба ду бахш тақсим мешавад: шимоли он ба зери тасарруфи туркон ва ҷануби он ба итоати Эрони сосонӣ медарояд. Дар гуфтаи зери солори Ҳайтолиён Ғoтифар бо саркашон ишорае ба он аст, ки шоҳи Эрону Хоқони Чин бар зидди ҳайтолиён муттаҳид шуда буданд, ки оқибати он боиси аз ду тараф хароб гардонидани сарзамини ҳайтолиён шуд:

Чунин гуфт бо саркашон Ғoтифар,

Kи: “Mopo бaд омад зи ахтар ба сар.

Агар шоҳи Эрону хоқони Чин

Бисозанду аз дил кунанд офарин,

Ҳарос аст аз ин дӯстӣ баҳри мо,

Ба ду рӯй вайрон шавад шаҳри мо”.

Дар ҳамин ҳолат ҳам, яъне баъд аз ба ду қисмат шудани кишвари Тӯрон, мо наметавонем, ки Тӯронро танҳо ба Туркистон ва тӯрониёнро сирф ба туркон айният диҳем.

Лозим ба таъкид аст, ки лафзи “турк”-ро Абулқосими Фирдасӣ дар “Шоҳнома” дар аксарияти маврид на ба маънои номи умумии қавмҳои маълум, балки ба маънои оми тарафи муқобил, ҳариф, рақиб ва душмани ҷониби эронӣ ва эрониён истифода менамояд. Чунончи, ӯ аз Афросиёб, Сиёвуш ва Суҳроб, ки ба эронинажод будани онҳо худаш иқрор аст, гоҳе ба унвони “турк” ёд овардааст:

Дар бораи Афросиёб:

Ки он турк дар ҷанг нараждаҳост,

Дамоҳангу дар кина абри балост.

Дар бораи Сӯҳроб:

Ба дил гуфт нокордида Ҳаҷир,

Ки гар ман нишони гави шергир –

Бигӯям бад-ин турки бо эӯри даст,

Чунин ёлу ин хусравонӣ нишаст.

Ba:

Ғамин гашт Ковусу овоз дод,

Ки: “Эй номдорони фаррухнажод,

Яке назди Рустам баред огаҳӣ,

К-аз ин турк шуд мағзи гурдон тиҳӣ”.

Шоири тӯсӣ на танҳо Афросиёб – шоҳи Туркон, Сиёвуш ва Сӯҳробро,балки ҳамаи онҳоеро, ки бо ин ва ё он сабаб чи дар майдони разм ва чи майдони чавгон дар рӯёрӯйи эрониён ва Эрон қарор гирифтаанд, турк, яъне ҳариф, рақиб, душман номидааст.

Ба маънии душман, рақиб, ҳариф истеъмол шудани лафзи “турк” аз тарафи Фирдавсӣ беасос нест. Таърихи қавмҳои ориёнӣ гувоҳи он аст, ки қавму қабилаҳои туркнажод ва кӯчиён бо ҳамлаҳои пайдарпай ва ғоратгаронаи хеш ба шаҳру деҳот ва водиҳои ободи онҳо дар тӯли қарнҳои зиёде худро дар чашми қавмҳои ориёӣ ба душманони асосии ободиҳову оромии эшон табдил дода буданд. Таҳаввули маъноии лафзи “турк” аз номи оми қабилаҳои туркнажод то ба исми оми қабилаҳои эронии ғайрисосонӣ ва ғайризардуштӣ дар ҳамин замина сурат гирифтааст.

Гузашта аз ин калимаи “турк”-ро Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ба ҳайси рамзи бадӣ истифода намуда, онҳоро ба истилоҳоти “Эрон” ва “эрониён” ба ҳайси тимсоли некӣ муқобил гузоштааст. Ин чиз ба сиришти тазодии ҳамосаи ӯ хос мебошад. Ба он маьнӣ, ки дар тасаввури вай Эрон ва эрониён таҷассуми нерӯҳои аҳуроӣ буда, Тӯрон ва тӯрониён аз нерӯҳои аҳриманӣ намояндагӣ мекунанд. Чунончи:

Ки он турк бадандешаву риман аст,

Ки ҳам баднажод асту аҳриман аст.

Ba:

Ки: «Эй турки бадгавҳари девзод

Ки чун ту сипаҳбуд ба гетӣ мабод».

Ba:

Ту, эй турки бадбахт, Пирони шум,

Ки на тоҷ бодат, на тахту на бум.

Ba:

В-аз он пас бипӯшид аз он турки зишт,

Ки: «Эй дузахирӯйи дур аз биҳишт.

Ba:

Сухан бас кун аз Ҳурмузи туркзод,

Ки андар замона мабод он нажод.

Ду кишвари ҳамнажод, яъне Эрон ва Тӯрон ва ду қавми ориёнӣ, яъне эрониён ва тӯрониёнро ба ҳам муқобил гузоштани Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» на танҳо нишони пайравӣ кардани ӯ ба суннатҳои асотирии қадимӣ аст, балки бештар аз ҳамин сиришти тазодии маснавиаш манша мегирад. Ва яқинан, пеш аз ҳама, ба хотири амалӣ гардонидани ҳикмати зардуштии асоси зиндагӣ, ҷомеаи инсонӣ ва табиат будани муборизаи некию бадӣ – Аҳурамаздо ва Аҳриман дар чаҳорчӯби каломи бадеъ анҷом дода шудааст.

Бо дарназардошти ин нукта мо ҳақ надорем, ки аз гуфта ва навиштаҳои муаллифи “Шоҳнома” бардошти муғризонае кунем ва кишварҳову қавмҳои ҳамосии ӯро ба ин ва ё он қавму кишварҳои имрӯзӣ аиният бидиҳем ва дар ҳамин замина даъвое бикунем ва ё бадтар аз ҳама миёни кишварҳову қавмҳои имрӯзӣ фитнае андозем.

Гуфта ва навиштаҳои Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” на сирф афсонаву хаёлист ва на дурусту рост.

Ба сухани дигар, ҳар он чи шоири тӯсӣ дар заминаҳои мухталиф фармудааст, агарчи, бидуни истисно, асоси воқеӣ доранд, вале намешавад, ки онҳоро айнан ба сифати ҳақиқати кул ва воқеияти кул бипазируфт. Дар ин бора худи муаллиф ишораи равшане дорад. Вай фармудааст:

Tу инро дурӯғу фасона мадон,

Ба як сон равиш дар замона мадон.

Aз ӯ ҳар чи андар хӯрад бо хирад

Вагар бар раҳи рамз маънӣ барад.

Дар зиндагӣ, дар воқеият шахси золиму хунхоре, монанди Заҳҳок будааст ва китфони барҷаста ҳам доштааст. Аммо Заҳҳоке, ки морони китфонаш мағзи сари фарзандони одамиро мехӯранд ва Коваи Додгар маҳсули хаёлоти Фирдавсии шоир аст. Ё худ сарзамини бостонии Эрон қаҳрамононе мисли Рустами Дастон кам надидааст, монанди Сипетамин, Деваштич, Муқаннаъ ва дигарон, аммо ҷаҳонпаҳлавони ҳамеша пирӯз ва ҷовидоние мисли Рустам дар “Шоҳнома” эҷоди Фирдавсист. Ба ҳамин монанд будани туркон, ҳамлаи онҳо аз кишвари Олой ба Хуросону Мовароуннаҳр, харобкориву ғоратгариҳои онҳо дар таърих ҷой дошт. Лекин Эрону Тӯрон ва эрониёну тӯрониён натиҷаи андешаву ҳунари шоирии соҳиби “Шоҳнома” ва идомаи суннатҳои асотирии қадимист.

Абдунабӣ САТТОРЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь