Падарам инсони хоксору зиндадил буданд. Аз ин рӯ ҳунармандон он касро эхтиром карда, зуд-зуд меҳмони хонадони мо мешуданд. Вакте падарамро ёд мекунам он рӯзҳо дар оинаи хаёлам инъикос мешаванд.Модарам зодгоҳашонро хеле зиёд дӯст медоштанд, аз ин сабаб нахостанд, ки падарам дар пойтахт фаъолияташонро давом диҳанд.

Шоҳназар Соҳибов яке аз дӯстони наздики падарам буданду ба хонаи мо бо даст додани имкон ташриф меоварданд. Онҳо соатҳо нишаста дар бораи бурду бохти санъати мусиқиву овозхонӣ, бахусус шоҳасари мусиқии миллат “Шашмақом” радду бадал мекарданд. Суруд мехонданд ва ё оҳангеро такмил медоданд ва як дақиқаро ҳам ба зоеъ намегузарониданд. Садои мусиқии классикӣ дар кошонаи мо ҳамеша танинандоз мешуд.Навои танбӯру дутори қиблагоҳамро бе эҳсос шунидан имконнопазир буд. Шояд ҳамин сабаб шуду меҳри савту навои “Шашмақом” дар дили бародарам маъво гирифт.

Аз рӯзгори кӯдакиву наврасӣ дар кулвори ёдам хотираҳои зиёд маҳфуз мебошанд. Он хотираҳо ҳанӯз ҳам ба рӯзу рӯзгори ман зиннат мебахшанд…

Падарам пас аз хӯроки шом танбӯрро менавохтанду мо-фарзандон дар ҳавои он суруд мехондем. Он лаҳзаҳо гумон мекардам, ки саодати ин рӯзҳо поён надорад, аммо дар ин олам ягон лаҳза ҷовидона нест…

Рӯзҳои ширину лаҳзаҳои хотирмон пушти сар шуданд. Аз он рӯзҳо ҳамчун ёдгор танбӯри падарам монду тори пурасрори бародарам.

Ҳоло тавони рафтан ба хонаи падарамро надорам, зеро хотираҳо, ҳузн, танҳоӣ, бенавоӣ ва аз ҳама дардовар набудани муттакои дилу сафоовари зиндагиям диламро реш мекунанд.

Бародарам бемор буданду модарам аз дунё гузаштанд. Дард вуҷудамонро абгор мекард, аммо суханҳои бародар ба мо малҳам мешуд. Чархи гардун бар муроди мо начархид ва дере нагузашту бародарам ҳам ба суроғи волидайн рафтанд…

Хотираҳо зиёд ҳастанд ва ҳеҷ хотираро бидуни эҳсос баёд оварда наметавонам…

Ба охирон консерти бародарам, ки дар Душанбе бояд баргузор мешуд, ҳама омодагӣ медиданд.

Пайвандону дӯстон озими пойтахт шуданд. Аз чӣ бошад барои ба Душанбе рафтан поям намекашид ва дар ин бора ба бародарам гуфтам.

-Агар ту наравӣ,ман ҳам намеравам, -гуфтанд бародари гиромиям.

Ҳарду хуб хандидем.

Саҳар бародару хоҳарроҳи пойтахтро пеш гирифтем. Сафар бо бародарам ҳаловати хосса дошт. Эҳсоси хастагиро эҳсос намекардам ва нафаҳмидам, ки чӣ тавр ба манзил расидем.

Як дӯсташон зимни пешвозгирӣ гуфт:

– Олимҷон, ман шуморо пагоҳ назди ороишгар мебарам.

Бародарам бо оҳанги ифтихорангез ба он шахс маро нишон додаву гуфтанд:

– Ороишгари касбиро бо худ овардам. Касе чун хоҳарам маро ороиш дода наметавонад…

Шояд ин шӯхӣ буд, вале аз ҳарфҳои бародарам ман меҳру самимияту ихлосроэҳсос мекардам. Дар ҳама консертҳо ороиши бародарам ба зиммаи ман буд. Кош зиндагӣ такрор мешуду боз бо самимият бародарамро барои дар саҳна ҳунарнамоӣ кардан омода менамудам…

Консерти бародарам дар Душанбе хушу хотирмон баргузор шуд. Ҳоло он наворҳо дар шабакаҳои интернети ҳастанду бинандагони зиёде дидаанд. Бовар дорам, ки пас аз мо ҳам дӯстдорони савту навои асил аз суруду оҳангҳои бародарам истиқбол менамоянд…

Саманди вақт кайҳо фарози ҷавониро фатҳ кард. Офтоби умри ман ҳам майл ба ғуруб дорад. Ёди кӯдакиву ҷавонӣ, хотираҳои бо падару бародарам будан ба хонаи дилу зеҳнам зиё мебахшанд. Аз он овони тиллоӣ, аз он рӯзгори рангин басе хотираҳои ширин дорам, вале дар навиштанаш чандон маҳорат надорам. Аммо, дар оянда мекӯшам, ки он хотираҳоро ба саҳифаи дафтар бирезам.

ДИЛБАР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь