Ҷаҳаннам ё дӯзах дар бисёре аз ақоиди мазҳабӣ ва устураӣ маконе барои азоби абадӣ пас аз растохез ва ё зинда шудани мурдагон дар зиндагии пас аз марг аст.

Аз диди бештари динҳои иброҳимӣ дӯзах ҷойе барои муҷозоти инсонҳои гунаҳкор аст. Вожаи ҷаҳаннам беш аз дигар вожаҳо дар фарҳангҳои яҳудӣ, масеҳӣ ва ислом такрор ёфтааст.

Ин калима решаи ибрӣ дошта, бори аввал дар боби 15, ояти 8-и китоби “Юшо” (Юшаъ) ба он ишора шудааст. Ин ибора ба маънои «Дараи писари Ҳинум» ё ин ки «Дарраи Ҳинум» аст, ки дар атроф ва наздикии шаҳри Байтулмуққаддас ҷойгир шуда буд. Ба шакли кутоҳ онро “Геҳинум” ва дар забони форсӣ «Дараи Ҷаҳаннам» меноманд. Муфассирон Ҳинумро шахсе медонанд, ки дар ин макон ё дара дар Байтулмуқаддас дар замонҳои пеш аз адёни яктопарастӣ писари худро қурбонӣ кардааст.

Дар ин макон барои Мулух бути Канъонӣ навзодонро месӯзониданд. Дар асл ҷаҳаннам дар аввал макони заминӣ буда ва дар давоми солиёни дароз ин макон дар бовари дини яҳуд макони осмонӣ барои муҷозоти гунаҳкорон гардид. Маъбади Мулух аз ҳафт табақа ва нӯздаҳ дарвоза иборат буда, нӯздаҳ нигаҳбон онро посбонӣ менамуданд. Баъдан ин бовар ба дини Ислом ҳам ворид гардидааст.

Дар Қуръон дар бораи нӯздаҳ посбони ҷаҳаннам ва ҳафт табақаи он ишораҳо ҳаст. Мулух, худои Канъонӣ ҳамон молик ва раиси ҷаҳаннам аст, ки дар Сураи Зухруф (Ороиш), ояти 77 омадааст: “Ва овоз диҳанд, эй Молик, бояд ки Парвардигорат моро ба марг ҳукм кунад”. Молик гӯяд: “Ҳамоно шумо ҳамеша бошандагонед”. Дар сураи Муддассир (Ҷома бар худ печида), Ояти 30 низ чунин ишора гардидааст: “Бар вай нӯздаҳ фаришта муваккаланд”.

Бештари сураҳои Қуръон барои тарсонидани кофирону мушрикон ва касоне, ки аз Худо рӯй гардонидаанд, ихтисос гардонида шудааст. Дар воқеъ ин тавсифи шиканҷаҳои даҳшатноки ҷаҳаннам ба хотири аз даст надодани пайравони дин мебошад.

Бисёре аз пажӯҳишгарон ва бостоншиносон бар ин боваранд, ки эътиқод ба биҳишту ҷаҳаннам ва рӯзи растохез аз оинҳои бутпарастӣ ба яҳудият ва сипас ба боварҳои масеҳӣ ва исломӣ ворид гардидаанд. Асосан, вожаҳои маънавии Қуръон арабӣ нестанд, балки решаи ибрӣ ва оромӣ доранд. Зеро чуноне дар худи Қуръон ошкоро оварда шудааст, арабҳо пеш аз Ислом ҳаргиз ба ҷаҳони пас аз марг ва биҳишту дӯзах бовар надоштаанд. Дар Тавроти мавҷуд асаре аз дӯзах ва ё рӯзи растохез дида намешавад ва биҳишт ё ҳамон боғи Адан ҳамчун макони заминӣ гуфта шудааст. Танҳо дар китоби баъдии Аҳди Атиқ ва Забури Довуд ишораҳое ба дӯзах, биҳишт, рӯзи растохез ва доварии Худо дар миёни умматҳои ҷаҳон дида мешавад. Расми қурбонӣ кардан аз дер боз дар миёни баъзе аз фарҳангу тамаддунҳо роиҷ будааст. Ин суннат гоҳо ба таври эҳдои қурбонӣ кардани гурӯҳии дастаҷамъии инсонҳо ва ҳайвонот ва гоҳо ба сурати ҳадяҳо аз гиёҳ ва сангҳои қиматбаҳо сурат мегирифт. Дар шариати қаблии яҳуд иҷрои одобу русуми динии суннати қурбонӣ яке аз ибодатҳои муҳим ба шумор мерафт. Ин одобу русум дар фасли муқаддасоти аҳди атиқ омада ва аз он барои тавба, парҳезкорӣ, ислоҳи гуноҳон ва шукргузорӣ ишора шудааст. Аммо қурбониҳое, ки дар оташ сӯзонида мешуданд, барои шустани гуноҳон мебоист гову гӯсфандони нарро қурбонӣ кунанд. Ба бовари онҳо, бо сӯзонидани қурбонӣ дуди он ба машоми Яҳова мерасид ва ӯро хушнуд мегардонид. Вуҷуд доштани нишонаҳо аз қурбониҳои инсонӣ, ҳайвонӣ ва маҳсулоти заминӣ дар таърихи қавми бани Исроил нишондиҳандаи нуфузи дигар оинҳо дар дини яҳуд ва бидъате аз ҳукмронии фарҳанги канъониён бар яҳудиён аст. Бар асоси ривоёти Китоби Муқаддас, қурбонӣ кардани нахустин фарзанди писар ва тақдими он ба худои Мулух то замони подшоҳии Оҳоб ва қарни нӯҳуми пеш аз мелод идома доштааст. Бозёфтҳои имрӯзаи бостоншиносон ва вуҷуди кӯдаконе, ки дар дараи ҷаҳаннами Байтулмуқаддас дар оташ сӯхтаанд, ин масъаларо тасдиқ мекунад. Ҳамон тавре ки ишора гардид, нахустин дини иброҳимӣ, яъне яҳудият таҳти таъсири фарҳанги будпарастӣ ва чандхудоӣ шакл гирифтааст. Қавми бани Исроил бисёре аз оинҳои ибтидоӣ ва фарҳангии худро аз қавмҳои Сумерӣ, Ошурӣ ва ҳамчунин, ҳамсоягони канъонии худ иқтибос кардаанд, ки баъдҳо ҳамин маносик ва маросим ба масеҳият ва сипас ба дини Ислом ҳам ворид шудааст. Барои мисол сумериён ақида доштанд, ки мурдагон роҳии ҷойи торик ба номи Кур ва дунёе ҳастанд, ки дар зери замин ва ғайриқобили бозгашт аст. Ин ҷойгоҳ дар Таврот ба шуул, дар Юнон ҳодис, дар Инҷил ба ҷаҳаннам ва дар дини Ислом ба охират тағйири ном кардааст. Ба ақидаи сумериён зинда шудани дубора дар ин ҷойгоҳ имконпазир аст. Аммо ҳамин макон дар айни ҳол бо ҳузури худоёни хоси дунёи зеризаминӣ, роҳибонаш ва сояҳои мурдагон дунёи пуртакопӯ аст. Аз ин макон дар шароити хосе сояи мурдагон ба дунёи хориҷ роҳ пайдо мекунанд.

Тибқи афсонаи сумерии Гилгамаш, ки шарҳи он дар лавҳаҳои бостонии кашфшуда омадааст, ба тақозои Гилгамаш сояи дӯсташ Инкидо ба дунёи зиндагон бозмегардад ва ҳар ду соатҳо бо якдигар ба гуфтугӯ менишинанд. Дар Таврот ба тақозои Шаули подшоҳ сояи Сомуел аз зери замин хориҷ мешавад. Дар бовари сумерӣ, агар барои арвоҳи мурдагони зери замин хӯрокиҳо ва қурбониҳо ҳадя накунанд, онҳо ба рӯйи замин бозхоҳанд гашт ва ба озору азияти зиндагон хоҳанд пардохт. Илова бар ин, гиря ва зории беш аз андоза мурдагонро нороҳат хоҳад кард. Дар фарҳанги исломӣ дуо ва хайрот барои мурдагон идомадиҳандаи ҳамин ақида аст.

Ҳанӯз ҳам ин ақида дар байни мусулмонон вуҷуд дорад, ки бисёр гиряву зорӣ кардан рӯҳи мурдаро нороҳат месозад. Сумериён дар навиштаҳояшон худро қавме ёд кардаанд, ки аз ҷониби худоён баргузида ва бартар шинохта шудаанд. Яҳова дар Таврот, Аллоҳ дар Қуръон низ бани Исроил ва мусалмононро қавми баргузида ёд кардаанд, ки маншаи он аз ақидаи сумериён бармеояд. Сумериҳо занро ба мазраъае ташбеҳ кардаанд ва айни чунин таъбир ҳам дар Таврот ва ҳам дар Қуръон вуҷуд дорад. Дар Қуръон дар сураи Бақара, ояти 223 чунин омадааст: “Занонатон киштзори шумо ҳастанд, пас, ҳар гуна, ки дӯст доред, ба киштзори хеш дароед”. Дар оини сумерӣ, вақте ки худоён «бош» ё «бишав» мегӯянд, он чиз фавран халқ мешавад. Дар Қуръон ин мафҳум айнан такрор шудааст: “Худованд фақат мегӯяд «бишав» ва он чиз мешавад.” Сураи Ёсин, ояти 82.

Дар масеҳият низ ҷаҳаннам мафҳуме дорад, ки намунаҳои онро дар бобҳои панҷ ва ҳаждаҳуми Инҷили Матто ва боби дувоздаҳуми Инҷили Луқо метавон пайдо кард. Тавсифи равшантаре аз дӯзах дар боби бистуми китоби Мукошифаи Юҳанно сурат гирифтааст, ки дар он аз ҷаҳаннам ба унвони курраи сӯзон, мурдоби оташин ва оташи ҷовидон ёд шудааст. Бар хилофи Таврот ва Инҷил, Қуръон дар миқёси васеъ, ки наздик ба сесад оятро шомил аст, аз ҷаҳаннам ёдоварӣ мекунад ва васфи бисёр дақиқеро аз он ироа медиҳад. Чуноне дар Сураи Ҳоққа гуфта шудааст. Ояти 30: «Ӯро бигиред ва тавқ бар гарданаш кунед!» Ояти 31: «Сипас ӯро ба дӯзах дохил кунед!» Ояти 32: «Ва ӯро ба занҷире дароред, ки дарозиаш ҳафтод газ бошад.”

Имрӯз далелҳои илмӣ вобаста ба фалсафаи вуҷуди биҳишту ҷаҳаннам беш аз пеш инсонҳоро аз устура ва афсона будани ин гуна боварҳо огоҳ месозад. Ҷаҳаннам ва биҳишт афсонаи сохтаю бофташуда барои фиреби инсонҳо мебошад, ки диндорон бо ваъдаи биҳишт ва тарс аз ҷаҳаннами маҷозӣ ҷаҳони ҳақиқии онҳоро бидузданд. Ҷаҳаннам маъдани ҷаҳолат ва нодонӣ аст. То замоне, ки аз ҷаҳл ва хурофот раҳо нагардем, дар ҷаҳаннам ҳастем.

Аз Алӣ ибни Абутолиб дар китоби Наҳҷул балоға хутбаи бистум ривоят шудааст: “Агар он чи мурдагон пас аз марг мушоҳида кардаанд, зиндабудагон медиданд, ваҳшат мекарданд. Ва суханони ҳақро мешуниданд ва итоат мекарданд. Вале он чи ки мурдагон дидаанд, аз шумо пӯшида аст”. Баъд аз шунидани чунин суханон пурсиши муҳиме ба миён меояд, ки чаро ин маврид пӯшида аст? Агар Худованд, ки онро бо номҳои гуногун дар адёни Иброҳимӣ ёд мекунад, ба ҷойи фиристодани 124 ҳазор паёмбар, ки боиси ба ҷони ҳамдигар афтодани пайравони онҳо гардидааст ва ҳатто фирқаҳои гуногуни як дин аз ҳамин адён, ба монанди дини ислом, таҳти унвони шиа ва суннӣ, ки доим дар қасди ҷони ҳамдигар буда, ба куштору таҷовузи якдигар машғуланд, оё наметавонист, ки боре чанд теъдоде аз мурдагонро дубора ба замин мефиристод ва барои намуна чанд аксу наворро ҳам пешкаши зиндагон мегардонид, то ки онҳо воқеияти пас аз маргро бо далелҳои равшан медиданд.

Шояд ин гуфтаҳо сода ба назар бирасанд. Аммо набояд фаромӯш сохт, ки барои Худованде, ки бо ин бузургӣ кайҳон ва дунёи атрофи моро офаридааст, магар фиристодани мурдагон дубора ба замин ва пешниҳоди чанд аксу навор аз биҳишту ҷаҳанам барои ӯ мушкил аст. Ҳаргиз на! Агар Худованд чунин кореро анҷом медод, ниёз ба ин ҳама паёмбарон ва ин ҳама дурӯғгӯиҳои фурсатталаб бо номи ҳохом, кашиш ва шайху мулло дошт, то бандагонашро ба сӯйи ҷаҳолат ва гумроҳӣ бикашонад? Пас, биёед, воқеиятро бингарем ва аз хаёлпардозӣ канора ҷӯем.

Далели ин гуна афсонасозиҳо дар адён танҳо ин аст, ки созандагон ва дӯкондорони онҳо бо эҷоди бардурӯғи биҳишту ҷаҳаннам дар ҷаҳони маҷозӣ ин дунёи воқеиро аз инсонҳо бидузданд, то лаззати онро худ бичашанд. Диндорон ба хубӣ медонанд, ки касе пас аз марг дигар ба ин дунё барнамегардад. Аз ин хотир ҳар дурӯғеро, ки мехоҳанд, бо табъи дили худашон рангу бор дода, инсонҳоро дар мавриди будани ҳаёти пас аз марг ва биҳишту ҷаҳаннам фиреб медиҳанд.

Ҳамон тавр, ки дар боло зикр намудем, дараи Ҳинум маконе буд, ки дар он кӯдакон ва навзодонро ба унвони қурбонӣ барои худоёни канъонӣ – Бал ва Мулух тақдим мекарданд. Сипас, дар давраҳои баъдӣ аз он макон ба унвони маҳалле барои муҷозоти ҷинояткорон ва муҷримон истифода мекарданд ва ҷасадҳои ин афрод пас аз сӯзонида шудан дар он ҷо раҳо мегардиданд. Бо тағйири эътиқодоти қавми бани Исроил аз чандхудоӣ ба яктопарастӣ ва парастиши Яҳова номи ин макон мафҳуми динӣ гирифт ва дар адёни иброҳимии дигар ҳамчун масеҳият ва Ислом низ нуфуз кард ва ҷузъи эътиқододи асосии онҳо гардид. Ҷаҳаннам дар омӯзаҳои Китоби Муқаддас ба маънои ҷаҳони пас аз марг ва маҳалли азоби доимӣ барои инсонҳои гунаҳкор табдил шуд. Дар ҳоле ки ҷаҳаннами воқеӣ дар асл як масъалаи таърихӣ ва дорои мавқеи ҷуғрофиёии мушаххас аст. Аз ин бармеояд, ки матни китобҳои муқаддас, аз ҷумла, Қуръон дар бораи оташи ҷаҳаннам рабте ба ваҳйи илоҳӣ надорад, балки реша дар боварҳои асотирӣ дорад. Бостоншиносон то ҳанӯз ҳеҷ осор ё навиштаҷотеро дар мавриди қаҳрамонҳои адёни иброҳимӣ, ки дар китобҳои муқаддасашон оварда шудааст, дар ҳеҷ куҷое пайдо накардаанд. Қадимтарин чизе, ки бостоншиносон пайдо намуданд ва дар он танҳо исми яҳуд ишора шудааст, лавҳае аз санг аст, ки марбут ба ҳазору дусад сол қабл аз мелод аст. Ин бозёфти бостоншиносон гувоҳи он аст, ки қавми яҳуд таърихи қадима ва беш аз сеҳазорсола дорад. Аммо дар мавриди маконҳое, ки пас аз марг дар адён барои муҷозот ва айшу ишрати инсонҳо ишора шудааст, ҳеҷ нишони илмӣ вуҷуд надорад. Ин гувоҳи он аст, ки ин устураҳо бофтаю сохтаи дасти башар буда, дар асл ҳеҷ воқеияте надорад. Бе шак инсоне, ки бадкирдор аст, Худованд подоши амалашро бо ҳар васила ҳангоми дар ҳаёт буданаш ба ӯ медиҳад, вале дар бисёр ҳолатҳо мо атрофиён онро дарк намекунем.

Агар мо ба Худованд бовар дорем, пас бузургтарин тавҳин ба ӯ ин иддао аст, ки ӯ ҷаҳаннамро офаридааст. Мантиқ ва хиради инсонӣ ҳукм мекунад, ки Худое, ки доно, қодири мутлақ ва бахшандаю меҳрубон аст, ҷаҳаннамро барои қаноатмандӣ аз хашму нафрати худ эҷод намекунад. Ин ба он маъно аст, ки ҷаҳаннаме, ки дар адён омада ва мо онро тасаввур мекунем, аз нуқтаи назари илм воқеият надорад ва ин тавассути инсонҳо эҷод гардидааст. Инсон худ холиқи ҷаҳаннам буда, дар афсонаи ҷаҳаннам Худовандро ба шакли инсон бо эҳсосот ва зеҳнияти инсонӣ тасаввур намудааст.

Ҳотам Файзуллоев,

адиб ва муҳаққиқ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь