Ба Асосгузори сулҳу вадати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Муҳтарам Пешвои миллат!
Муроҷиатҳои чандинкаратаи мо ба мақомотҳои марбута, сар карда аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ, Кумитаи идораи замини ин ноҳия, Кумитаи идораи замини вилояти Суғд, ҳукумати вилояти Суғд, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ, прокуратураи вилояти Суғд, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян ва ҷудо карда додани саҳми қонунии заминҳои хоҷагии деҳқониамон моро маҷбур сохт, ки ин бор бо истифода аз ҳуқуқи конститутсиониамон тавассути матбуот ба Шумо муроҷиат намоем. Умед дорем, ки маҳз бо дастуру супоришҳои Шумо мо – саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Сиёвуш -1” соҳиби саҳми қонунии заминҳои хоҷагиамон мегардем ва ин баҳси замини мо, ки наздик ба се сол аст давом дорад, поён меёбад ва ҳақ ба ҳақдор мерасад.
Муҳтарам Президент!
Асли матлаб ин аст, ки мо саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Сиёвуш-1” воқеъ дар ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ зиёд аз ду сол мешавад, ки барои муайян ва ҷудо карда додани саҳми заминҳои хоҷагиамон талош дорем, аммо бо кӯшиш ва дахолатҳои раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ Умед Зокирзода саҳми замини мо дар доираи қонун ҷудо карда нашуда истодааст. Хоҷагии деҳқонии “Сиёвуш-1” дар асоси як қарори раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 15.02.2017, №125 дар натиҷаи сарҷамъ кардани 6 хоҷагии деҳқонӣ: хоҷагиҳои деҳқонии “Сафариён-1, Сафариён-2, Сафариён-3, Сафариён-4, Сафариён-5 ва Сафариён-6”, ки масоҳаи умумии ин хоҷагиҳо 13,26 га замин мебошад, хоҷагии деҳқонии “Сиёвуш-1” ташкил ёфт ва тибқи ҳамин қарор номи хоҷагӣ аз “Сафариён” ба “Сиёвуш-1” иваз карда шуд. Яъне шаш хоҷагии деҳқонӣ як хоҷагии деҳқонӣ шуд ва номи он “Сиёвуш-1” гардид. Аммо пас аз содир шудани қарор дар бораи сарҷамъ кардани шаш хоҷагии деҳқонии «Сафариён аз 1 то 6» мо ба Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ муроҷиат намудем, ки ҳудуд ва сарҳади хоҷагии деҳқонии мо дар асоси 6 сертификати хоҷагиҳои деҳқонии «Сафариёнҳо», ки масоҳати умумии замин 13,26 га мебошад, аз нав муайян ва ҷудо карда шавад. Аммо аз ин кумита ба мо посух доданд, ки замини умумии хоҷагии деҳқонии «Сиёвуш-1», ки дар асоси сарҷамъ шудани 6 хоҷагии деҳқонӣ ташкил гардидааст ва масоҳатии умумии замини онҳо 13,26 га-ро ташкил медиҳад, бинобар мувофиқат накардан ба китоби баҳисобгирии давлатии замин, ки соли 2002-ум баҳисобгирии давлатии заминҳо гузоронида шудааст, ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии моро ҷудо накарданд. Масъулини Кумитаи идораи замин асос оварданд, ки дар натиҷаи гузаронидани баҳисобгирии давлатии заминҳо дар соли 2002 масоҳати умумии замини тарҳи (контур) 54, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ, ки хоҷагии деҳқонии «Сиёвуш-1» дар тарҳи мазкур ҷойгир мебошад, на 13,26 га, балки 12,52 га замин ба қайд гирифта шудааст. Яъне 0,74 га қитъаи замини ин тарҳ дар кадом асос ва аз рӯи кадом меъёрҳо кам шудааст, барои мо маълум нест. Баъдан барои мо маълум гардид, ки дар ҳамсоягии хоҷагии деҳқонии мо – хоҷагии деҳқонии бо номи «Мансур -3» ташкил шудааст, ки ҳамон 0,74 га саҳми замине, ки аз тарҳи (контур) 54 дар натиҷаи гузаронидани баҳисобгирии давлатии заминҳо кам гардидааст, ба ҳудуди хоҷагии деҳқонии «Мансур-3» дохил карда шудааст. Ин хоҷагии деҳқонӣ дар тарҳи (контур) 52 ҷойгир мебошад. Дар бораи ғайриқонунӣ ташкил шудани хоҷагии деҳқонии «Мансур -3» поёнтар ба шумо маълумот хоҳем дод. Аммо ҳоло дар ин ҷо мехоҳем ба самъи Шумо расонем, ки хоҷагиҳои деҳқонии «Сафариён аз 1 то 6» дар асоси харитаи соли 1981 ташкил гардидаанд. Баъдан соли 2002 дар ҳамин ҳудуди ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ баҳисобгирии давлатии заминҳо гузаронида шуда, харитаи нави заминистифодабарӣ тартиб дода шудааст. Вале дар харитаи нави заминистифодабарии соли 2002 нисбат ба харитаи заминистифодабарии соли 1981 ягон фарқият вуҷуд надорад, ҳатто мутахассисони Кумитаи давлатии замини ҷумҳурӣ аз рӯи эътирозҳои чандинкараи мо инро дақиқ карданд. Яъне дар ҳарду харитаҳо масоҳати умумии замин бетағйир истодааст, вале танҳо дар китоби баҳисобгирии давлатии замини соли 2002 масоҳати умумии заминҳо кам дарҷ гардидааст. Баъдан кормандони Кумитаи давлатии идораи замини ноҳияи Мастчоҳ бо роҳбаладии раиси он Умед Зокирзода хостанд ба қарори раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 15.02.2017, №125, «Дар бораи сарҷамъ намудани хоҷагиҳои деҳқонии «Сафариён -1, 2, 3, 4, 5 ва 6» тағйирот дароварда, бо ин роҳ хостанд масоҳати умумии заминҳои хоҷагии деҳконии «Сиёвуш-1»-ро, ки дар заминаи шаш хоҷагии деҳқонии «Сафариён 1-6» ташкил карда шудааст, кам кунанд, яъне на 13,26 га, балки 12,52 га замин ҷудо намоянд. Ҳамин тавр дар асоси пешниҳоди ғайриқонунии раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ Умед Зокирзода қарорҳои Раиси ноҳияи Мастчоҳ таҳти №132 аз 14.02.2019 сол «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 02.07.2018, таҳти №502 «Дар бораи якҷоя намудани қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонии сарҷамъшудаи «Мансур 1, 2, 3, 4», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навбаҳор ва қарори дигар таҳти №133 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 15.02.2017 сол, таҳти №125 «Дар бораи якҷоя намудани қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонии «Сафариён -1, 2, 3, 4, 5, 6», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ содир карда шуд.
Пас аз содир шудани қарори мазкур мо, саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Сиёвуш -1» бо нишони эътироз оид ба тасвиби қарори раиси ноҳия ба прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ муроҷиати хаттӣ намудем. Дар асоси муроҷиати мо прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ дар ин замина санҷиш гузаронида муайян намуд, ки дар ҳақиқат ташкили хоҷагии деҳқонии «Мансур -3» ғайриқонунӣ мебошад. Ҳамин тавр дар асоси эътирози Прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ аз 08.07.2019 сол, таҳти №33\53-19(5), қарори нави Раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 16.07.2019 сол, №610 «Дар бораи бекор кардани қарори раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 02.07.2018 сол, №502 «Дар бораи якҷоя намудани қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонии «Мансур 1, 2, 3, 4», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навбаҳор содир шуд. Яъне маълум гардид, ки масъулони кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ ба қонуншиканӣ роҳ дода, бидуни ягон заминаи ҳуқуқӣ хоҷагии деҳқонии «Мансур-3»-ро ташкил кардаанд.
Муҳтарам Пешвои миллат!
Шумо дар ҳар баромаду вохӯриҳои худ ба роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони шаҳру навоҳии кишвар пайваста таъкид менамоед, ки ба қонуншиканиҳо дар соҳаи замин роҳ надиҳанд. Аммо дар ноҳияи Мастчоҳ худи масъулини кумитаи идораи замин дастуру супоришҳои Шуморо сарфи назар карда, ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд. Албатта дидаву дониста роҳ додан ба қонуншиканӣ дар соҳаи замин ин хиёнат ба давлату миллат аст.
Дар ҳамин ҷо мехоҳам таваҷҷуҳи Шуморо ба як масъала ҷалб намоям, ки дар ноҳияи Мастчоҳ масъулини идораи замин чӣ тавр бо роҳи ғайриқонунӣ хоҷагиҳои деҳқониро ташкил намуда боз ҳамон хоҷагиҳои ғайриқонунӣ ташкил кардашудаашонро пуштибонӣ менамоянд. Мо, аслан бо касе баҳс надорем, фақат мехоҳем, ки замини қонунии моро ба мо баргардонанд, аммо бо дахолати раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ Умед Зокирзода ба таври сунъӣ миёни мо ва хоҷагии ғайриқонунӣ ташкилшудаи «Мансур-3» баҳси сарҳади заминро ба вуҷуд оварданд.
Бояд таъкид намоям, ки аз рӯи санҷишҳои прокурорӣ ва таҳқиқотҳои мустақилонаи мо маълум гардид, ки хоҷагии деҳконии «Мансур-3» бар хилофи қонун ташкил шуда, боз мехоҳанд аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии мо ба ин хоҷагӣ замин ҷудо карда диҳанд.
Мо, дар ин бора бо аризаи хаттии асосноку қонунӣ ва хуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муроҷиат намудем. Аз ҷониби Раёсати мазкур санҷиш гузаронида шуда, маълум гардид, ки дар ҳақиқат дар ташкили хоҷагии деҳқонии «Мансур-3» ба қонуншиканӣ роҳ дода шудааст. Зеро хоҷагии деҳқонии «Мансур -1, 2, 3 ва 4» гӯиё бо хоҷагиҳои деҳқонии «Дадаҷониён – 14, 15, 16, 17, 18, 19 ва 20» ҷой иваз карда бошанд. Аммо мувофиқи ҳуҷҷатҳо масоҳати умумии заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мансур -1, 2, 3 ва 4» 13,45 га замин ва масоҳати умумии заминҳои хоҷагии деҳқонии «Дадаҷониён – 14 – 20» бошад, 12,03 га заминро ташкил медиҳад. Яъне масъулини кумитаи идораи замини ноҳия 13,45 га замини хоҷагии деҳқонии «Мансур-1, 2, 3 ва 4»-ро дар масоҳати 12,03 га замини хоҷагиҳои деҳқонии «Дадаҷониён – 14 – 20» ғунҷонидаанд, ки ин ҳам хилофи қонун аст ва ҳам ба ягон мантиқ рост намеояд.
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пас аз санҷиш ва ошкор намудани қонуншиканиҳо ба унвонии раиси ҳамонвақтаи ноҳия пешниҳод оиди бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят мусоидат намудаанд, ирсол намуда, дархост карда шуд, ки қарори Раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 14.02.2019 сол, таҳти №133 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 15.02.2017 сол, №125 «Дар бораи якҷоя намудани қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонии «Сафариён 1-6», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навбаҳор» ва қарори Раиси ноҳияи Мастчоҳ таҳти №132 аз 14.02.2019 сол «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 02.07.2018 сол, №502 «Дар бораи якҷоя намудани хоҷагиҳои деҳқонии Мансур 1, 2, 3 ва 4, воқеъ дар ҳудуди ҷамоти деҳоти Навбаҳор» бинобар сабаби бархилофи қонун буданашон бекор карда шаванд. Инчунин дар пешниҳоди зикршуда дархост шуда буд, ки ҷиҳати ба саҳмдорони аслии хоҷагиҳои деҳқонии «Дадаҷониён 14-20» баргардонидани қитъаи замини ба хоҷагии деҳқонии «Мансур-3» додашуда, чораҳои дахлдор андешида шаванд.
Аз тарафи ин Раёсат нисбати раиси хоҷагии деҳқонии ғайриқонунӣ ташкилшудаи «Мансур-3» Давлатов Тобил бо моддаи 340, қисми 1 ва нисбати муҳандис-заминсози ноҳия Муллоҷонов С. Р., бо моддаҳои 295 қисми 1 ва 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба итмом расид.
Мехоҳам ба таваҷҷуҳи Шумо расонам, ки раиси кумитаи давлатии идораи замини ноҳияи Мастчоҳ Умед Зокирзода бо маслиҳати пешакӣ бо муовини якуми Раиси ноҳияи Мастчоҳ Атовуллозода М., ва собиқ раиси х\д ғайриқонунӣ ташкилшудаи «Мансур-3» Давлатов Тобил мехостанд боз 0,10 га замини қонунии хоҷагиамонро бо роҳҳои ғайриқонунӣ ва бе асос кам кунанду дар маҷмуъ бо дигар заминҳои х\д «Дадаҷониён 14-20» ба ин собиқ раиси х\д ҳуҷҷатгузорӣ намуда диҳанд. Барои амалисозии ин кирдори ғайриқонунӣ боз Умед Зокирзода ба унвони раиси ноҳияи Мастчоҳ пешниҳоди ғайриқонунӣ ва бе асос аз санаи 08.01.2020 сол ирсол намуда буд, ки дар асоси ин пешниҳод ва дигар асосҳо қарори Раиси ноҳияи Мастчоҳ аз 20.02.2020 сол, №107 «Дар бораи ба фонди махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дохил намудани заминҳои х\д «Дадаҷониён 14-20» дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор»-ро содир шуд. Ҳарчанд қарори мазкур мухолиф ба меъёрҳои қонунгузории кишвар дар соҳаи замин бошад ҳам, аммо он қувваи қонунӣ гирифт.
Тавре дар боло ишора намудем, қитъаи замини хоҷагиҳои «Дадаҷониён 14-20» дар маҷмуъ 12,03 га, аз ҷумла корами обиашон 11,60, зери об 0,24, зери роҳ 0,19 га-ро ташкил медоданд. Дар асоси қарори раиси ноҳия бошад, бидуни ягон далел ҳуқуқи истифодабарии заминҳои х\д «Дадаҷониён 14-20» ба майдони умумии 12,13 га қатъ гардонида шуда ба фонди махсус дохил карда шудааст, ки 0,10 га зиёд мебошад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар пешниҳоди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 02.12.2019 сол ба унвони раиси ноҳияи Мастчоҳ дархост шуда буд, ки ҷиҳати ба саҳмдорони аслии ин хоҷагиҳо баргардонидани қитъаи замини ба х\д «Мансур-3» додашуда, чораҳои дахлдор андешида шаванд. Лекин ғайриқонунӣ ва бе асос пешниҳоди Раёсати Агентии мазкур дар ин қисмат қонеъ нашуд ва заминҳои хоҷагиҳои «Дадаҷониён 14-20» бе баргардонидан ба саҳмдорони аслиашон ва бе розигии саҳмдорони қонуниашон, яъне на аризаи хаттии саҳмдорон ва на қарори маҷлиси умумии саҳмдорони ин хоҷагиҳо вуҷуд надорад, ба фонди махсуси МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ дохил карда шуд. Ҳатто 0,10 га замин зиёдтар.
Барои чӣ иҷро нашуд, сабабаш маълум аст, зеро дар ҳукумати ноҳия ва Кумитаи идораи замини ин ноҳия шахсоне ҳастанд, ки дар ташкили ғайриқонунии хоҷагии «Мансур -3» манфиатдоранд.
Ҳамин тавр дар асоси муроҷиатҳои мо ҷиҳати дар доираи қонун ҷудо намудани сарҳади замини хоҷагии деҳқонии «Сиёвуш-1» мувофиқи сертификатҳои қаблии хоҷагиҳои деҳқонии «Сафариён -1, 2, 3, 4, 5 ва 6», ки хоҷагии деҳқонии «Сиёвуш -1» дар натиҷаи сарҷамъ шудани ҳамин шаш хоҷагӣ ташкил шуда ва номашро иваз кардааст, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба 4 қарори раиси ноҳияи Мастчоҳ эътироз оварданд. Яъне қарорҳои содиршуда заминаи кам кардани масоҳати умумии замини хоҷагии деҳқонии мо ва ғайриқонунӣ ташкил намудани хоҷагии деҳқонии «Мансур-3» буданд, ки чаҳортои он бекор ва ба ду қарори дигар тағйирот ворид шуда, ба қонунгузорӣ мутобиқ гардонида шуданд.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Ҳамон тавре, ки дар боло ба Шумо маълум намудем, мо даъвои ягон замини иловагӣ, ё саҳми замини дигар хоҷагиро гирифтанӣ ҳам нестем ва ҳамчунин даъвои онро ҳам надорем, ки онҳое ба қонуншиканӣ роҳ доданду имрӯз дар озодӣ гаштаанд, барои ҷурмашон муҷозот шаванду пушти панҷара раванд. Танҳо ва танҳо мехоҳем ҳамон 13,26 га саҳми замини қонуниамонро мувофиқи сертифакатҳои хоҷагии деҳқонии «Сафариён -1, 2, 3, 4, 5 ва 6» ба мо ҷудо карда диҳанд, то мо ба оғози кишту кори баҳорӣ каммари ҳиммат баста, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.
Аммо ягон масъул на аз ҳукумати ноҳияияи Мастчоҳ ва на аз кумитаи идораи замини ин ноҳия, ки бевосита вазифаи ҷонии онҳо мебошад, намехоҳанд ва бо роҳҳои сунъӣ ҳам намегузоранд, мо соҳиби саҳми замини қонуниамон гардем. Зеро ин ашхоси «масъул» дар оғоз бо пуштибонӣ аз манфиатҳои шахсиашон мехоҳанд замини қонунии моро ғайриқонунӣ ба хоҷагии деҳқонии дар ҳамсоягиамон буда, яъне ҳамон хоҷагии деҳқонии ғайриқонунии «Мансур-3» диҳанд. Инро бо чанд делел бароятон собит месозем.
Нахуст ин ки аз санаи 16.07.2019 сол то санаи 06.07.2020 сол, яъне наздик як сол собиқ раиси х\д «Мансур-3» Давлатов Тобил заминҳои ба фонди махсуси МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ дохилшудаи х\д «Дадаҷониён 14-20»-ро худсарона ва ғайриқонунию беасос, бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва бинобар оиди ин кирдорҳояш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида нашуданаш, бо дастгирию пуштибонӣ ва маслиҳати пешакӣ бо раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ Умед Зокирзода ва муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Атовуллозода М., бо вуҷуди кирдорҳои мунтазами ғайриқонуниашон, бе ҷазо монданашон ва манфиатдориашон бо роҳи гумроҳсозиии раиси ноҳияи Мастчоҳ, ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ ва бе асосро тартиб дода, 0,10 га зиёдтар аз ҷамъи заминҳои х\д «Дадаҷониён 14-20»-ро ба фонди махсус дохил намуданд. Аммо, вақте мо доир ба зиёд будани 0,10 га қитъаи замин ба қарори раиси ноҳия шикоят намудем, дар асоси шикояти мо ба қарори раиси ноҳия тағйирот ворид карда шуда, 0,10 га замин аз фонди замин кам гарда шуд. Дуввум, масъулини кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ бо ин роҳ мехостанд ин миқдор заминро аз ҳисоби х\д «Сиёвуш-1» ба шаҳрванд Давлатов Тобил ҳуҷҷатгузорӣ намуда диҳанд.
Муҳтарам Президент!
Ҳар бор, ки мо дар доираи қонун даъво мекардем, ки замини қонунии хоҷагии деҳконии мо ҷудо карда шавад, кормандони кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ асосҳои ғайриқонуниро бароямон пешниҳод мекарданд, ки масоҳати умумии замини хоҷагии деҳқонии «Сиёвуш-1» бинобар мувофиқат накардан бо китоби бақайдгирии давлатии замин тибқи сертификатҳои хоҷагии деҳқонии «Сафариён -1, 2, 3, 4, 5 ва 6» ҷудо карда намешавад. Мо доир ба ин масъала маротибаҳои зиёд ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаҳои хаттию шифоҳӣ муроҷиат намуда будем. Дар ниҳоят аз рӯи супориши махусуси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии замини ҷумҳурӣ Каримзода А. пас аз бозомӯзии ҳуҷҷатҳо ва харитаҳои заминистифодабарии солҳои 1981 ва 2002-юм, инчунин китоби ба қайдгирии давлатии замин маълум гардид, ки бо сабабҳои техникӣ масоҳати умумии замини хоҷагии деҳқонии мо кам нишон дода шудааст. Баъд аз ин, муовини аввали Кумитаи давлатии замин ва геодезии ҷумҳурии Каримзода А. бо мактуби махсус аз 21.09.2020 сол, таҳти №2\5-3482 ба Кумитаи идораи замини ноҳияи Мастчоҳ ирсол намуда, дастур дода, вазифадор намуда буд, ки «тибқи тартиби муқараргардида, ҳуҷҷатҳои хоҷагии деҳқонии «Сиёвуш-1»-ро дар доираи нишондоди сарҳади Сертификатҳои ҳуқуқи истифодаи хоҷагиҳои деҳқонии «Сафариён 1, 2, 3, 4, 5 ва 6» ба расмият дароварда, аз натиҷаи иҷрои баррасии аризаи мазкур дар маҳал дар муддати кӯтоҳтарин ба Кумитаи давлатӣ ахборот пешниҳод намоед».
Гарчанде аз ирсоли мактуби муовини аввали Кумитаи давлатии замини ҷумҳурӣ чаҳор моҳ гузашта бошад ҳам, вале бо сабабҳои номаълум раиси Кумитаи давлатии идораи замини ноҳияи Мастчоҳ Умед Зокирзода аз иҷрои дастуру супоришҳо даст кашида истодааст. Мо дигар намедонем доир ба ин масъала ба кӣ муроҷиат намоем. Ягона умеду боварии мо шумоед, муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бинобар ин, дар асоси гуфтаҳои боло ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки нақшаи қитъаи замини хоҷагии деҳқонии «Сиёвуш-1», ки сертификати ин хоҷагӣ нодуруст тартиб дода шудааст, ба нақшаҳои қитъаҳои замини дар сертификатҳои ҳуқуқи истифодаи замини хоҷагиҳои деҳқонии «Сафариён -1, 2, 3, 4, 5 ва 6» дар маҷмуъ мутобиқат кунонида шуда, аз рӯи нақшаи умумии ин хоҷагиҳо қитъаи замини хоҷагии деҳқонии «Сиёвуш-1» дар маҳал аниқ муайян карда шуда, қонунӣ ҷудо намоянд.
Мирзоев Муҳсин Бегович, сардори хоҷагии деҳқонии «Сиёвуш-1»-и ноҳияи Мастчоҳ, истиқоматкунандаи шаҳраки Бустон, маҳаллаи Ҷ. Балхӣ, кучаи А.Ҷомӣ, хонаи №5